Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев: "Агар ҳукм одилона бошад, гунаҳкор ба додрас ташаккур мегӯяд"


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз таъмини адолати додгоҳӣ дар кишвар иброзӣ нигаронӣ кард ва гуфт, одамон вақте ба мушкил дучор мешаванд, дасташон ба Худо намерасад ва ҳама умедашон ба додгоҳҳо аст.

Ин изҳорот дар лаҳзаҳое садо дод, ки Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи рӯзи 21-уми декабри бозхонд ва таъйини чанд додраси Додгоҳҳои олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро таъйид кард. Адолатӣ судӣ аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва таҳлилгарон низ мегӯянд, бе тағйири куллӣ дар ин сохтор, набояд интизори натиҷаи беҳтар шуд.

“Агар гуноҳи ҷинояткорро собит кунед, ӯ ба судя раҳмат хоҳад гуфт”

Онҳое, ки кори судҳои замони шӯравиро ёд доранд, мегӯянд, ки бо вуҷуди он замон ҳам номустақил будани додгоҳҳо, назорат аз риояи қонун шадидтар буд.

Изҳори нигаронии Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таъмини адолати судӣ пас аз он садо дод, ки ба суолаш аз як додраси навтаъиншуда дар бораи судури ҳукмҳои сафедкунанда, посухи рад гирифт. Раиси Маҷлиси миллӣ аз Шароф Аланазарзода, додраси навтаъини Додгоҳи олии Тоҷикистон суол кард, ки “давоми бештар аз ду соли фаъолияташ ҳамчун додрас, чанд ҳукми сафедкунанда содир кардааст?”. Шароф Аланазарзода дар посух ба Убайдуллоев гуфт, дар Додгоҳи шаҳри Душанбе наздики 50 парвандаро баррасӣ кардааст, ки аз онҳо ягон ҳукми сафедкунанда набуд.

Баъд аз ин посух Убайдуллоев аз судяҳои навтаъин даъват кард, ки талош кунанд дар ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ ҷурми шахси гунаҳкорро пурра собит ва ҳукмҳои одилона содир кунанд. Зеро ба қавли Убайдуллоев, вақте дар қазияҳои судӣ адолат таъмин шуда, ҷурми гунаҳкор пурра собит мешавад, худи “маҳкумшуда баъди баромадан аз зиндон, ба додрас раҳмат хоҳад гуфт”.

Ба қавли раиси Маҷлиси миллӣ, “онҳое, ки нисбаташон беадолатӣ аст, ҳеҷ гоҳ раҳмат намегӯянд. На танҳо ба судҳо, балки ба Маҷлиси миллӣ ҳам раҳмат намегӯянд, ки чаро инҳоро ба вазифа гузоштед. Имрӯз ягон нафар аз мо гуфта наметавонем, ки фаъолияти мо сад дар сад ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ аст.”

Маҳмасаид Убайдуллоев ҳамчунин гуфт, агар додгоҳҳо ва мақомдорони давлатӣ адолатро таъмин насозанд, дигар касе онро амалӣ карда наметавонад.

“Бекор шудани қариб 600 ҳукм дар ду сол”

Тибқи омори раиси палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, дар ду соли ахир дар додгоҳҳои Тоҷикистон 10 судя даст ба ҷиноят задааст, ки ҳамагӣ кормандони додгоҳҳои маҳаллӣ будаанд. Инчунин ба қавли Убайдуллоев, бар асоси эътирози додситонӣ дар ду соли ахир 569 санадҳои ғайриқонунӣ ва беасосе бекор шуданд, ки аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст.

Убайдуллоев аз додрасҳо суол кард, ки “ин аз ин чӣ шаҳодат медиҳад? Бояд ин нишондодҳо баръакс паст равад”. Раиси Маҷлиси миллӣ хитоб ба додрасҳо гуфт, онҳо ба ҷуз Конситутсия ва қонун, мутеи ҳеҷ кас нестанд.

Додрасҳо доимӣ таъин шуда, маошашон боло бурда шавад

Ҳушдори Раиси палатаи болоии Порлумони дар бораи таъмини адолати судӣ дар кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки огоҳони соҳа мегӯянд, низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба ислоҳоти куллӣ дорад.

Ватан Абдураҳмонов, додраси таҷрибадори тоҷик, ки айни замон бознишаста аст, мегӯяд, барои таъмини адолати додгоҳӣ дар кишвар бояд чанд кор анҷом дода шавад. Азҷумла ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳмонов, нахуст бояд тамоми додрасҳо дар кишвар доимӣ ба вазифа таъин шаванд.

Ватан Абдураҳмонов.
Ватан Абдураҳмонов.

“Агар додрасро доимӣ таъин кунанд, он вақт мумкин ӯ камтар мустақил шавад. Барои онки ӯро ҳеҷ кас аз кор озод карда наметавонад. Танҳо агар савияи донишаш паст бошад ва ё аз ҷониби ӯ ягон қонунвайронкунӣ сурат гирад, фақат коллегия метавонад ӯро аз кор озод кунад. Агар инхел доимӣ накунем, бояд аввал барои 3 ва баъди он барои 7 сол бояд додрасҳо таъин шаванд. Синну соли додрас бояд аз 30 сола кам набошад, дар 25-солагӣ додрас будан ҳанӯз барвақт аст. Таҷрибаи ҳаётиро зиёдтар гирифтанаш лозим аст. Дигар ин, ки маоши додрасҳо кам аст ва сатҳи донишашон низ паст аст,”-таъкид кард Ватан Абдураҳмонов.

Ҷаноби Абдураҳмонов ҳамчунин мегӯяд, қадами аслӣ дар роҳи таъмини адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ин интихобӣ будани додрасҳо мебошад. Ин додраси собиқадори тоҷик мегӯяд, ҳатто раиси додгоҳ ҳам бояд аз ҷониби худи додрасҳо интихоб шавад.

Дар айни замон Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, тахини парванда аз сӯи раиси додгоҳ барои ин ё он додрас хуб нест, чун омилҳои корупсионӣ ва хешутаборбозӣ зиёд мешавад. Ба ҷойи ин, оқои Абдураҳмонов пешниҳод мекунад, ки парвандаҳо ба додрасҳо аз рӯи тақсимоти маҳаллаҳо ба онҳо дода шавад. Яъне, минтақаҳои ноҳия ё шаҳр байни додрасҳо тақсим шавад ва парвандаҳо низ бо ин тартиб ба онҳо дода шавад.

“12 ҳукми сафед аз миёни 6 ҳазор парванда”

Додрасҳои Тоҷикистонро барои он зиёд интиқод ва адолати додгоҳӣ дар кишварро баъзе таҳлилгарон зери суол мебаранд, ки дар курсиҳои айбдории додгоҳҳо нафарони ангуштшумор метавонанд бегуноҳии худро исбот намоянд. Ба гуфтаи коршиносон, аз миёни беш аз 6-7 ҳазор парванда, танҳо афроди ангуштшумор метавонанд дар додгоҳҳо бегуноҳии худро исбот кунанд, ки хеле ночиз аст. Аз ҷумла дар соли 2015 додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо 12 нафарро сафед кардаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш чор ҳолат камтар аст. Омори ҳукмҳои сафедкунанда дар соли гузашта феълан дастрас нест.

Абдуқаюм Юсупов, вакили дифои тоҷик.
Абдуқаюм Юсупов, вакили дифои тоҷик.

Абдуқаюм Юсупов, вакили дифои тоҷик мегӯяд, 12 нафар аз миёни 6-7 ҳазор парванда ҳатто 1 фоиз ҳам намешавад ва ин худ индикатор ё нишондиҳандаи адолати додгоҳӣ дар кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои Ғарбӣ, нисфи парвандаҳое, ки ба додгоҳҳо ворид мешаванд дар ниҳояти амр муттаҳамон сафед мешаванд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар самти парвандаҳои сафедшуда ҳатто аз ҳамтоёни худ дар кишварҳои ҳамсоя қафо мебошанд. Аз ҷумла дар соли 2016 дар додгоҳҳои Узбакистон беш аз 100 нафар тавонистанд бегуноҳии худро исбот ва аз толори додгоҳ ҷавоб шаванд.

Коршиносон мегӯянд, заъфи додгоҳҳо дар ин аст, ки далелҳои айбдоркунандаи давлативу вакили дифоъро таҳлил карда наметавонанд ва аксаран таҳти таъсири мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд.

“Вақте наздикони мансабдорон аз об хушк мебароянд”

Норизоият аз он, ки дар қазияҳои мушаххас адолат таъмин нашудааст, зиёд садо медиҳад. Аксари мурофиаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон бо ҳукмҳои айбдоркунанда хотима меёбанд ва ин ҳукмҳо маъмулан хулосаҳои айбдоркунии тафтишотро тасдиқ мекунанд.

Бархе ҳуқуқшиносони собиқадор мегӯянд, як мушкил дар фасоду ришвахорӣ бошад, мушкили аслӣ дар мустақил набудани низоми додгоҳии Тоҷикистон аст. Судяҳоро дар Тоҷикистон интихоб намекунанд, балки онҳоро таъйин карда, баъдан бо қарори президент дар мақом тасдиқ мекунанд. Қарори барканорӣ аз корро низ президент содир мекунад.

Онҳое, ки кори судҳои замони шӯравиро ёд доранд, мегӯянд, бо вуҷуди он замон ҳам номустақил будани додгоҳҳо, назорат аз риояи қонун шадидтар буд ва ҳатто мансабдорони баландпоя медонистанд, ки қонун баландтарин меъёри назорат аз кору рафтори шаҳрванд аст.

Коршиносон мегӯянд, вақте аъзои дигари ҷомеа мебинанд, ки сохторҳои тафтишотӣ ва низоми додгустарии кишвар дар робита бо қонуншиканиҳои дигар бархӯрди шадидтар доранду барои ҷиноятҳои дигарон ҳукмҳои сангин пешбинӣ мекунад, эҳсоси норизоияташ аз кори сохтори давлатӣ ва низом, боло мегирад. "Чунин ҳолат вақте ба як система табдил шуд, ба ҳеҷ сурат ба фоидаи ҷомеа ва давлат нест",- мегӯянд коршиносон.

Бо ин ҳама таҳлилагарон мегӯянд, таъкиди Маҳмадсаид Убайдуллоев ба таъмини адолати додгоҳӣ дар кишвар наметавонад вазъро дигар кунад, агар худи мақомот ба ислоҳоти куллӣ дар ин самт шуруъ накунанд.

XS
SM
MD
LG