Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри ниҳони парвандаҳои "сиррӣ"


Мақомоти додгоҳӣ ва додситонии Тоҷикистон дар солҳои ахир рӯи даҳҳо парванда муҳри махфӣ ё сиррӣ зада, вакилони дифоъро барои ифшо накардани ҷузъиёти он огоҳ кардаанд. Аз ҷумла, парвандаи аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, кормандони боздоштшудаи Оҷонси зиддифасод ва афроди муттаҳам ба зархаридӣ махфӣ ва паси дарҳои баста, бе ҳузури наздикону хабарнигорон гузаштааст.

Ин қазия дар ҷомеа сарусадои зиёд эҷод мекунад. Барои ҳамин, бояд ошкор баррасӣ шавад.

Додрасҳо на танҳо журналистонро ба чунин муҳокимаҳо роҳ намедиҳанд, балки хулосаро низ ошкор намекунанд. Дар чунин ҳолат расонаҳо аксаран аз манбаъҳои худ истифода карда, аз касе ном намегиранд.

Ахиран вакили дифои Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон зери баёноте имзо гузоштааст, ки бар асоси он ҳақ надорад ҷузъиёти парвандаи таҳти нафарашро фош кунад. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ), аз ҷомеа ва матбуот махфӣ кардани тафсилоти парвандаи журналисти шинохта ва раҳбари тими КВН-ро ҳунарнамоии онро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қораи Шӯравии пешин тамошо мекунанд, нодуруст номид. “Ин тасмим хато ва хилоф бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст”, - гуфт ӯ рӯзи 15-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Сӯиистифода аз тамға?

Нуриддин Қаршибоев афзуд, дар бисёр ҳолат мақомот аз тамғаи махфӣ сӯиистифода мекунанд: “Ин қазия дар ҷомеа сарусадои зиёд эҷод мекунад. Барои ҳамин, бояд ошкор баррасӣ шавад. Созмони мо сарфи назар аз махфӣ кардани ин парванда талош хоҳад кард, бо кумаки расонаҳои хабарӣ ҷузъиёти бештар аз ҷараёни баррасии қазияро пахш кунад.”

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон, рӯзи 5-уми декабр боздошт шуд ва баъди се рӯз дар нақзи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор шуд. Додситонии вилояти Суғд Мирсаидовро аз рӯи моддаҳои “исрофкорӣ”, “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, “сохтакорӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Падари Хайрулло – Ҳабибулло Мирсаидов дар як сӯҳбати мухтасараш бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби инро, ки чаро ҷузъиёти парвандаи писараш аз ҷомеа ва матбуот пинҳон дошта мешавад, намедонад. Вакили дифои Мирсаидов Аскар Турсунов дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми декабр бори дигар аз шарҳи парвандаи зерҳимояаш худдорӣ кард ва таъкид кард, ки зери баёнияи фош нашудани ҷузъиёти парванда имзо кардааст.

Ҳадаф - расонаӣ нашудаи қазия

Додситонии вилояти Суғд ҳам, ки қазияи Мирсаидовро таҳқиқ мекунад, то ҳол дар ин замина изҳори назар накардааст ва ҳамчунин намегӯяд, ки ба парвандаи хабарнигори мустақил ва раҳбари гуруҳи КВН-и Тоҷикистон бар асоси кадом меъёри ҳуқуқӣ мӯҳри махфӣ зада шудааст?

Ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ба истиснои бастагӣ надоштан ба сирри давлатию ҳарбӣ, сирри хонаводагӣ, ҷинсӣ, дар дигар ҳолат тафтишот ва ё мурофиаи додгоҳӣ бояд ошкор ва бидуни муҳри сиррӣ ё махфӣ бояд баргузор шавад. Раҳматулло Илёсов, додраси яке аз додгоҳҳои кишвар гуфт, муҳри махфӣ ва ё пӯшида сурат гирифтани тафтишот бар асоси меъёри қонунгузории Тоҷикистон сурат мегирад ва на ҳамаи парвандаҳо махфӣ баррасӣ мешаванд. Вай гуфт, “бибинед, масалан куштори одам аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин аст, вале чӣ ҷои сиррӣ дорад? Дар айни замон, парвандаҳое ба мисли асрори хонаводагӣ ҳаст, ки махфӣ баррасӣ мешавад. Зеро мумкин нест асрори оилавии як нафар ошкор шавад. Ҷиноятҳои марбут ба хиёнат ба ватан, дорои сирри амниятии кишвар низ махфӣ баррасӣ мешаванд”.

Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо Мирзонабии Холиқзод
Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо Мирзонабии Холиқзод

Вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Тоҷикистон дар муқоиса ба 7 соли гузашта мизони парвандаву мурофиаҳое, ки бо муҳри махфӣ сурат мегиранд, бештар шудаанд. Ҳуқуқдони тоҷик ва раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфт, “судяҳо аз худашон метарсанд. Аммо мӯҳри махфӣ ва ё пушида сурат гирифтани мурофиаҳо ҳеч мумкин нест.

Вақте дар додгоҳ парвандаи раиси бозори “Ином” дар Шаҳритус баррасӣ мешуд, судя ворид шудани журналистонро ба толор иҷозат надод. Ман суханронии худамро дар мурофиа сабт кардам ва ба хабарнигорон додам”.

Зоиров меафзояд, ба истиснои масоили марбут ба сирри давлатӣ, дар дигар ҳолат ширкати хабарнигор дар мурофиа ақаллан бидуни дастгоҳи сабти овоз ва навор иҷозат аст, вале дар аксари ҳолат ҳаракат мекунанд хабарнигор роҳ наёбад.

Шикоят ба президент мояи нороҳатии мақомот шуд?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, махфӣ ва пушида сурат гирифтани тафтиши парвандаи аъзои ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ, парвандаи собиқ генерали вазорати дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва ҳар парвандае, ки ба асрори давлатӣ марбут аст, қобили дарк аст. Вале муҳри сиррӣ гирифтани парвандаи Хайрулло Мирсаидов бар асоси кадом меъёр сурат гирифтааст, мушаххас нест.

Хайрулло Мирсаидов дар чанд моҳи пеш аз боздошт шуданаш ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон номаи саркушоде навишта гуфт, ки масъулони ҳукумати вилояти Суғд гӯё барои ироаи маблағи ширкати тими КВН дар мусобиқаҳои беруна “ришва” талаб кардааст. То куҷо шикоят ва далелҳои Мирсаидов дар ҷараёни тафтишот собит ва ба инобар гирифта мешавад, маълум нест, ки вале боздошти ӯро коршиносон ба ҳамин иттиҳом рабт медиҳанд ва мегӯянд, интиқоди ошкорои журналист дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми мақомдоронро барангехт.

Стив Свердлов аз Ҳюман Райтс Вотч аз боздошти Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард
Стив Свердлов аз Ҳюман Райтс Вотч аз боздошти Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард

То имрӯз чандин созмони ҳомии ҳуқуқи башар – Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва дигар фаъолон дар дохили Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик талаб кардаанд, ки ба қазияи Мирсаидов бархӯрди қонунӣ ва одилона сурат гирад ва журналист аз боздошт озод шавад. Ҳамаи онҳо мегӯянд, Мирсаидов ба хотири ошкор матраҳ кардани фасодзадагии мақомот боздошт ва муҷозот мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба Мирсаидов то 21 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи мақомоти вилояти Суғд қазияро ба ҳеҷ шакл шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, бояд мунтазири хулосаҳои тафтишот шуд.

XS
SM
MD
LG