Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби ду марзбони тоҷик аз тарафи се бародар


Марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон
Марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон

Додситонии низомии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи ҷиноии се бародарро идома медиҳад, ки ба латукӯби ду марзбони тоҷик муттаҳам мешаванд.

Додситонӣ се бародар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро “ба истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” муттаҳам кардааст, ки дар Тоҷикистон барои ин ҷиноят, гунаҳкорро ё ҷаримаи бузург мебанданд ва ё аз 2 то ба 5 соли зиндон маҳкум мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр хабар дод, ки латукӯби ду марзбони тоҷик моҳи сентябри имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст.

Дар иттилоияи расмии додситонӣ омадааст, ки бародарон Мӯҳсин, Ҷамшед ва Эҳсон Ҳамроҷоновҳо, сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми сентябри имсол аз ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бештар аз 3 тонна бензин харида ва хостаанд, онро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кунанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, ҳангоми саъйи бародарон барои убури ғайриқонунии марз, гурӯҳи гаштзании марзбонон монеи ҳаракати мошини Газел ва Опели онҳо шудааст.

Баъди боздошти се бародар дар марз, онҳо ду марзбонро латукӯб кардаанд ва баъди огаҳ шудани мақомоти интизомӣ аз ҷойи ҳодиса гурехтаанд. Айни замон ин афрод дар боздоштгоҳ ҳастанд ва мунтазири ҳукми додгоҳ будаанд.

XS
SM
MD
LG