Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 ҳазор еврои САҲА зидди маводи тарканда дар Тоҷикистон


Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Туула Юрёола
Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Туула Юрёола

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе "Маркази минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда"-ро таъсис хоҳад дод. Имзои ёддошти тафоҳуми дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе бо Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуд.

Марказе бо буҷаи 400 ҳазор евро дар ҳоле бунёд мешавад, ки равобити Душанбеву САҲА дар як соли охир мушкилотеро пушти сар кард ва сарусадое дар мавриди эҳтимоли боздошта шудани фаъолиятҳои ин созмон дар Тоҷикистон ба гӯш мерасид.

Ба иттилои мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, санади таъсиси Маркази минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки таркандаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва аз ҷониби САҲА раҳбари дафтари намояндагӣ Туула Юрёола имзо карданд.​ Ин тарҳ бахше аз талошҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳамкорӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна барои расидагӣ ба нигарониҳо ва чолишҳои бархоста аз хатарҳои васоили тарканда мебошад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин марказ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ба фаъолият шурӯъ мекунад. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфтааст, имзои ин санад ҳамкории миёни ин вазорат ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро таҳким мебахшад. Вай ҳамчунин ёдовар шудааст, ки ин вазорат таҷрибаи хубе дар заминаи хунсо кардани маводи таркандаро дорад.

Туула Юрёла, раҳбари дафтари намояндагии САҲА гуфтааст, дар чаҳорчӯби фаъолиятҳои минтақавии худ, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо талош мекунад, ки вазъи чолишҳои бархоста аз васоили тарканда беҳтар шавад. "Ин маркази минтақавӣ ба ин талошҳо дар дарозмуддат кӯмак хоҳад кард ва пойдор хоҳад буд", - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG