Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёсуману Манижа дар Маскав пирӯз шуданд


Ёсуман Исмонзода
Ёсуман Исмонзода

Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ду духтари навраси тоҷик, ки баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Русия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд, дар як озмуни байналмилалӣ пирӯз шудаанд.

Ёсуман ва Манижа дар озмуни “GeniusKid-2017” ва ё «Кӯдакони нобиға», рӯзи 3-уми ноябр дар Маскав оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шудаанд.

Рустам Багаутдинов, раҳбари Маркази Абакус рӯзи 5-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Ёсуман ва Манижа дар озмун истеъдоди фавқуллодаи худро нишон дода ва ғолиб омаданд. Бар иловаи ҷоизаҳои моддие, ки ғолибони озмун мегиранд, Манижа барои ширкат дар марҳилаи баъдии озмуни “Арифметикаи зеҳнӣ” роҳхат гирифт, ки қарор аст, моҳи декабри имсол дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад.

Манижа Тошболтаева
Манижа Тошболтаева

Худи Манижа Тошболтаева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар надошт, ки дар олимпиадаи “GeniusKid-2017” пирӯз мешавад.

“Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки дар ҷамъу зарб пирӯз мешавам, вале вақте ба ман гуфтанд, ки ғолиб омадӣ, такон хӯрдам”- гуфт, Манижа ба Радиои Озодӣ.

Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи “Одамони ғайиоддӣ” дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд.

Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқуллода доварони барномаро шигифтазада кард. Ӯ дар муддати ду дақиқа камтар 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки дар ҷамъу зарб пирӯз мешавам, вале вақте ба ман гуфтанд, ки ғолиб омадӣ, такон хӯрдам.

Манижа Тошболтаева гуфт, худаш ба риёзиёт дил бастааст ва онро меомӯзад, аммо мехоҳад, ё ҳунарпеша шавад, ё роҳи мусиқиро пеш бигирад. Бо вуҷуди онки риёзиёт ҳоло яке аз илмҳои серхаридор аст, аммо Манижа мегӯяд, дилаш бештар майли ҳунару фарҳанг дорад.

“Ман мусиқиро ҳам меомӯзам, мехоҳам, ё роҳи мусиқиро пеш бигирам ва ё ҳунарпеша бишавам.” Манижа дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ - «Империя знаний” омӯзиш мегирад. Ба қавли Манижа, Ёсуман майли таҳқиқ дорад ва мехоҳад, олим бишавад.

Исмонзода Ёсуман хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда ва ҷоиза ба даст овардаанд. Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG