Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон – бори аввал дар як навори видеоӣ ва ба таври боз падарашро ба ҷашни зодрӯз табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми октябр ба синни 65 расид.
Масъулони хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин рӯз раҳбарони чанд кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ карда, ҷашни зодрӯзро барояш табрик гуфтанд. Дар солҳои пеш ҷашни раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории нишасти сарони баъзе кишварҳо дар Душанбе рост меомад. Аммо имсол ягон нишасте набуд ва зоҳиран раиси ҷумҳур зодрӯзашро дар ҷойи кор ва дар ҳалқаи хонавода таҷлил кардааст.
Ин бори аввал аст, ки як узви хонаводаи президент дар шакли садоӣ ва бо истифода аз аксҳои хонаводагӣ ӯро табрик мегӯяд. Ин табрики Озода Раҳмонро хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон шоми 5-уми октябр нашр кард.
Эмомалӣ Раҳмон 65-сола шуд. Чӣ тағйир кард?
Озода Раҳмон дар ин навор аз падараш нафари оқилу одил, устоду мураббӣ ва роҳбалад ном бурда, гуфтааст, ҷашни зодрӯзи ӯ баҳонае барои гирд омадани аъзои хонавода аст. Ӯ гуфтааст, "зиндагии пур аз нишоту пур аз саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозиву давлатдории Шумо барои мо мояи ифтихор ва дарси ибрат аст.”
Раиси дастгоҳи иҷроияи президент дар идома барои Эмомалӣ Раҳмон “саломатӣ, умри пурбаракат, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, обрӯву нуфузи ҷовидона”-ро орзу кардааст. "Мо ҳама фарзандону наберагон қавл медиҳем, ки мисли Шумо даст болои дил барои ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хидмат хоҳем кард”, - хулоса намудааст ӯ.
Озода Раҳмон соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд. Ин духтари 38-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад. Ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва баъдан дар Вазорати умури хориҷӣ ба ҳайси муовини вазир кор кардааст. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз ду даҳсола аст, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои таъйини фарзандон ва наздиконаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд.
Писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар гузашта, раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд ва имсол бо фармони падараш раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Рухшона Раҳмонова, хоҳари Озода ва Рустам, айни замон муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст ва чанде пеш китобаш бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ”- ро дар вазорат муаррифӣ кард.