Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) интиқол ёфтааст. Масъулон мегӯянд, ки ӯро барои нақзи тартибу низоми боздоштгоҳ ба картсер фиристоданд ва 15 шабонарӯз дар онҷо нигаҳ дошта хоҳад шуд.
Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки Бузургеҳр Ёров се бор қоида ё тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бинобар ҳамин, барои 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд. Ба қавли Шарифзода, Бузургмеҳр Ёров панҷ рӯз қабл ба картсер интиқол ёфтааст.
Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, ки имкон дорад ӯро баъди нашри хабарҳои бардурӯғ дар мавриди азияту шикаҷанҷааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ба картсер интиқол додаанд.
“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ дода будем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоридаи будубошро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам", - гуфт Садриддин Шарифзода. Ӯ дар идома гуфт, бо вуҷуди онки аз номи модараш хабарҳои бардурӯғ нашр шуд, масъулони СИЗО бо ӯ кордор нашуданд ва ҳеҷ чора наҷустанд. "Вале танҳо баъди онки қоидаи СИЗО-ро вайрон кард, ба картсер бурда шуд", - гуфт ӯ.
Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имкон дорад ӯро баъд аз нашри хабарҳо дар мавриди азияту шиканҷааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба картсер, интиқол додаанд. Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро рӯзи 29-уми сентябр ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва аз ӯ ҳеҷ хабаре надоранд.
Ҳуриннисо Исҳоқова гуфт, ҳамсари Бузургмеҳр дар ин байн чанд бор барои Бузургмеҳр ғизо бурд, аммо дар боздоштгоҳ онро қабул накарда ва гуфтаанд, ки вай дар картсер нигаҳдорӣ мешавад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, шароити картсер мисли ШИЗО (боздоштгоҳи ҷаримавӣ) буда, дар он ғизои овардаи наздикон барои маҳкумшуда қабул карда намешавад ва низ аз мулоқот бо наздиконаш маҳрум мебошад.
Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад. Ахиран Бузургмеҳр Ёров барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор дониста шуд.
Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид.