Русия дар нимсолаи дувуми соли ҷорӣ якҷоя бо нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон чанд машқи муштарак анҷом хоҳад дод.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС-и Русия, ин матлабро Сергей Шойгу – вазири дифои Русия – рӯзи 18-уми август дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз кори нимсолаи ниҳодаш эълон кардааст. Ӯ афзудааст, Осиёи Марказӣ ҳамчунон ба хотири идомаи ҷанг бо Толибон ва гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон минтақаи хатарнок боқӣ мондааст ва Русия мавқеи худ дар ин кишварҳоро тақвият медиҳад.
Шойгу афзудааст, Русия ба ин минтақа таваҷҷӯҳи бештар медиҳад ва ба ин хотир пайваста дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамринҳои муштарак анҷом медиҳад. Вай аз ҷумла хотиррасон кардааст, ки ахиран Русия дар Тоҷикистон бо истифода аз маҷмааҳои мушакии “Искандар” ва “Ураган” машқҳое баргузор карда, дар бартарафсози паёмадҳои селоб дар Бадахшони Тоҷикистон саҳм гирифтааст.
Ҳамзамон ба гуфтаи Сергей Шойгу дар нимсолаи дувуми соли ҷорӣ дар ихтиёри Ҳавзаи марказии низомии Русия ҳудуди ҳазор техникаи нави ҳарбӣ гузошта мешавад. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон шомили ин ҳавза мебошад.
Ба эътиқоди Шойгу, бо истифода аз ин лавозимот нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои таъмини субот дар минтақа зарфияти бештаре хоҳанд дошт.