Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нафар дар як садама дар Истаравшан. АКС


Дар пайи як садама дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд шаш нафар ҷон бохта, панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Музаффар Холбобоев, як масъули раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Истаравшан рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи баъзе маҷруҳон вахим аст ва онҳо таҳти назорати пизишкон қарор доранд. "Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар пайи ба ҳам бархӯрдани "Опел" бо "Портер" ва як мошини ҳомили гази моеъ рух дод", - афзуд мусоҳиби мо.

Ӯ гуфт, "Опел-Зафира аз тарафи шаҳри Хуҷанд бо мусофир меомад, ки бо автомашинаи “Дулан” ба сабқат баромад. Дар ин ҳангом аз тарафи шаҳри Душанбе нақлиёти “Портер” омада, ба “Опел-Зафира” бармехӯрад. Баъдан “Дулан” аз роҳ баромада, як харсаворро мезанад. Худи “Дулан” ба ҷарӣ рафта чаппа шуд."

Ба қавли ин масъули БДА дар шаҳри Истаравшан феълан аз нақлиёти “Дулан” газ мебарояд ва кормандони оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса даъват шудаанд.

Дар дафтари матбуоти ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Хуҷанд, низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки садама дар натиҷаи суръати баланди мошинҳо рух додааст.

Дар ин ширкат гуфтанд, "садама дар километри 241-уми роҳи Душанбе-Чаноқ рух дод. Як мошини ҳомили газ низ ба инҳо бархӯрда, аз роҳ баромада ва чаппа шудааст. Ҳоло гази дар ин нақлиёт буда мерезад ва кормандони ширкат якҷоя бо масъулони Идораи умитаи ҳолатҳои фавқулода ва БДА талош доранд, ки аз таркиши он пешгирӣ намоянд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2010 то кунун дар роҳҳои кишвар беш аз даҳ ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, 3300 хонадонро ба мотам нишондааст. Мақомот мегӯянд, танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта ва 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG