Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, мақомоти ироқӣ ҳудудан 1400 занону кӯдакони ҷангиёни хориҷии узви гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро дар қароргоҳе нигоҳ медоранд ва дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Хабаргузорӣ бо такя ба мақомоти амниятиву созмонҳои ёрирасон шоми 10 сентябр навишт, ки аксари ин занону кӯдакон аз Туркия буда, дар миёни онҳо инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русия низ мебошанд. Инчунин дар миёни онҳо осиёиҳо низ ҳастанд ва танҳо чанд нафарашон
Онҳо оилаҳои ҷинояткорони шадиданд, ки даст ба қатли мардуми бегуноҳ задаанд. Вале вақте мо онҳорор бозпурсӣ мекунем, мефаҳмем, ки аксари онҳо аз ҷониби мошини таблиғотии ДИИШ гумроҳ шудаанд. Сарҳанги артиши Ироқ
фаронсавиву олмонианд. Хабаргузории Reuters менависад, ки ҳамаи ин боздоштшудаҳо – занон ва кӯдаконашон оилаҳои ҷангиёни хориҷии узви ДИИШ буда, дар шаҳри Мосул, баъди аз ин шаҳр берун кардани ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз ҷониби артиши ҳукуматӣ ошкор шудаанд. Ҳамаи ин боздоштшудаҳо дар як қароргоҳи ҷануби Мосул нигаҳдорӣ мешаванд.
Як афсари амниятӣ гуфт, ки мақомот талош доранд ҳуввияти ҳамаи ин занону кӯдаконро бо кӯмаки мақомоти кишварашон тасдиқ кунанд, чунки аксари онҳо шиносномаҳои кишварҳои худро дар даст надоранд. Полковники артиши Ироқ Аҳмад Аттаӣ дар сӯҳбат бо Reuters гуфт, ки артиш аъзои хонаводаи ҷангиёнро дар як ҷо нигоҳ медорад ва мунтазири амри ҳукумат аст, ки сарнавишти баъдии онҳоро мушаххас кунад.
Меланӣ Мархам: Тоҷикистониҳо шояд на бештар аз 10 нафаранд
Меланӣ Мархам, сухангӯи Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон, ки дар Ироқ ва дар миёни паноҳҷӯёни хориҷӣ кор мекунад, рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, занону кӯдакон дар “як макони изтирорӣ барои паноҳандагон дар канори Мосул” нигаҳдорӣ мешаванд. Вай гуфт, ҳанӯз ҳуввияти ҳамаи онҳо санҷидаву тасдиқ нашудааст, аз ҳамин хотир, созмонҳое, ки бо онҳо кор мекунанд, онҳоро ба ҳайси "аъзои эҳтимолии хонаводаҳои ҷангиён" арзёбӣ мекунанд.
Вай гуфт, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни ин 1400 нафар “шояд аз 10 нафар бештар набошад”. Вай гуфт, аксари онҳо аз шаҳри Талафари Ироқ шурӯъ аз 30 августи соли ҷорӣ ба ин макон интиқол дода шудаанд. Шумори дақиқи занҳову кӯдакони тоҷикро ӯ феълан гуфта натавонист, чунки, ба гуфтааш, ҳарӯз иттилои дақиқу ниҳоиро дар даст надорад.
Меланӣ Мархам гуфт: “Ин як макони муваққатии изтирорӣ аст. Дар ҳудуди он хаймаҳо гузошта шуда барои мардум як сарпаноҳе бунёд шудааст. Онҳо ба оби поки ошомиданӣ ва ғизои хуб дастрасӣ доранд”. Вай гуфт, шумори тахминии онҳо 1400 нафар буда, онҳо аз кишварҳои мухталиф намояндагӣ мекунанд: “Аксари онҳо русзабонанд. Дар миёни онҳо занҳои туркзабон бо кӯдаконашон ҳастанд ва ҳамчунин занону кӯдакон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон мебошанд. Шумори тоҷикистониҳо тахминан 10 нафар аст, вале ман шумори дақиқи онҳоро ҳоло намедонам”.
Вай гуфт, синни кӯдаконе, ки дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд, хеле мухталиф аст: аз кӯдакони навзоди ширхор то ноболиғ. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки то куҷо ин кӯдакон аз шароити вижа бархӯрдоранд, вай гуфт: “Барои нигаҳдории кӯдакон ҳамаи муқаррароти зарурӣ риоя шудааст: барои онҳо клиника бунёд шудааст, кӯдаконе, ки мушкили сиҳҳатӣ доранд, зери назари табибон мебошанд. Як беморхонаи махсус ҳам дар ин наздикиҳо амал мекунад”. Вай гуфт, иттилое дар бораи ятимон феълан дар даст нест, чунки тамоми муроқибат аз кӯдаконро худи занон анҷом медиҳанд. “Як мушкил забон аст, чунки ин ҷо ба забонҳои мухталиф сӯҳбат мекунанд. Забони асосӣ курдиву арабӣ аст, вале на ҳамаи онҳо ин забонҳоро медонанд”.
Ба иттилои онҳо, сарнавишти мардони ин хонаводаҳо маълум нест. Бархе занҳо гуфтаанд, ки шавҳаронашон дар ҷанг кушта шудаанд, дигарҳо гуфтаанд, ки шавҳаронашон нопадид шудаанд. Ба саволи ин ки то куҷо ҷараёни мушаххассозии ҳуввияти онҳо ва ҳам иртибот бо сафоратҳои кишварҳояшон ҷараён дорад, ӯ гуфт, “ин масъала дар масъулияти ҳукумати Ироқ аст ва кор дар ин самт аллакай шурӯъ шудааст. Бо назардошти ин ки ин афрод аз кишварҳои мухталиф омадаанд, ин кор вақту заҳмати зиёди коғазӣ талаб мекунад".
Меланӣ Мархам таъкид кард, ки ҳамингуна ҳанӯз шахсият ва шаҳрвандии паноҳандагони дигар ҳам то охир мушаххас нашудааст, аз ин рӯ феълан дар бораи шумори дақиқи паноҳҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам сӯҳбат кардан барвақт аст.
Оилаҳои ҷинояткорҳои ашаддӣ...
Хабарнигори Reuters менависад, ки ҳазорҳо занону кӯдакон бо бору бӯғчаҳояшон дар дохили хаймаҳои қароргоҳ дар рӯи кӯрпача нишастаанд. Як зани чечентаборе, ки дар дохили ин қароргоҳ бо хабарнигори Reuters сӯҳбат кардааст, ба забони фаронсавӣ гуфт: “Мехоҳам дубора ба Фаронса баргардам, вале намедонам, чӣ хел кунам”. Ин зан гуфтааст, ки ӯро ба Ироқ ҳамсараш овард ва ба узвияти ДИИШ шомил шуд. Вай мегӯяд, дар бораи макони будубош ва сарнавишти шавҳараш аслан хабаре надорад.
Reuters менависад, ки аксари ин занону кӯдакон ба қароргоҳ шурӯъ аз рӯзи 30 август, замоне, ки нирӯҳои ҳукуматии ироқӣ ҷангиёнро аз хоки Мосул берун карданд, омаданд. Мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ки ин калонтарин гурӯҳи занону кӯдакони марбут ба ҷангиёни ДИИШ аст, ки баъди вусъати муборизаи зидди ин гурӯҳ дар як соли гузашта ошкор мешавад.
Аҳмад Аттайӣ гуфт, ки мақомот талош мекунанд ба боздоштшудаҳо муносибати хуб дошта бошанд, ҳарчанд, “онҳо оилаҳои ҷинояткорони ашадианд, ки даст ба қатли мардуми бегуноҳ задаанд. Вале вақте мо онҳоро бозпурсӣ мекунем, мефаҳмем, ки аксари онҳо аз ҷониби мошини таблиғотии ДИИШ гумроҳ шудаанд”. Як афсари амниятӣ гуфт, ки аксари мардон ва занону кӯдаконашон худро дар шаҳри шимолии Талафар ба ҷангиёни Пешмаргаи курд таслим кардаанд. Мардҳоро боздошт ва ҳасб карда, занонро ҷудо дар ин қароргоҳ нигоҳ медоранд. Талафар моҳи гузашта аз ҷониби нирӯҳои ироқӣ ғасб шуд.
Додситонии Тоҷикистон: Дар фикри бозгардони онҳо ҳастем
Як мақоми вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт, ки онҳо мехоҳанд бо сафоратхонаҳои кишварҳо робита барқарор карда занону кӯдаконро ба кишварҳояшон баргардонанд. "Мо ин шумор одамонро дуру дароз дар боздошт нигоҳ дошта наметавонем", гуфт ӯ. Дар миёни пайвандони ҷангиёни ДИИШ шаҳрвандони дасти кам 13 кишвар сабтином шудаанд. Мақомоти тоҷик дар гузашта вуҷуди ҷангиён аз Тоҷикистонро дар қаламравҳои зери назари ДИИШ ҳамроҳ бо аъзои оилаву фарзандонашон тасдиқ кардаанд.
Рӯзи 11 сентябр як масъули додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти ин кишвар дар фикри бозгардони оилаҳои ҷангиёни ДИИшӣ ҳастанд ва бархе роҳҳои амалисозии ин нақшаро ҳам баррасӣ мекунанд. Ин мақом, ки ба далели надоштани салоҳияти сӯҳбат бо матбуот исмаш нашр намешавад, ба Радиои Озодӣ рӯзи душанбе гуфт:
"Ин вазифаи ҷонии ҳукумат ва ниҳодҳои зирабити он аст, то шаҳрвандонашро ба ҳар шевае имкон ҳаст, баргардонад. Мо роҳҳои мухталиферо омухтаем ва руи даст мегирем. Аммо шояд шевае, ки қазоқҳо (ҳукумати Қазоқистон) пеш гирифтаанд, онро мо низ амалӣ кунем. Қазоқҳо гурҳҳои ҳуқкуматӣ ташкил карда ва аз ин тариқ ба Сурияву Ироқ мераванд ва шаҳрвандонашонро бармегардонанд. Мо низ шояд ба ҳамин роҳ пеш равем ва тавонем шаҳрвандонамонро баргардонем".
401 ширкатдори ҷавони ҷангҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти тоҷик, аз 1 январ то 1 октябри соли 2016 мақомот 401 шаҳрванди 14 то 30-солаи Тоҷикистонро ба қайд гирифтаанд, ки дар низоъҳои мусллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ин миён, 378 нафар ваё аксарият дар Сурия буда, 11 нафар дар Афғонистон, 6 – дар Ироқ ва 6 нафари дигар дар Покистон ба сар мебаранд. Мақомот мегӯянд, ки аз миёни онҳо 206 нафар – 91 духтар ва 115 писар ноболиғ мебошанд. 204 хонавода феълан дар қаламравҳои Ироқу Сурия ба сар мебаранд, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон.
Бештарини кӯдакон аз вилояти Суғд будаанд – аз ин минтақа ҳамроҳ бо волидонашон 15 тифли ноболиғ, аз ҷулма 11 писару 4 духтар дар қаламравҳои ҷангӣ ба сар мебаранд. Аз вилояти Хатлон 15 оила, аз ҷумла 8 писару 5 духтар ва аз Бадахшон 1 оила, бо шумули 2 духтари ноболиғ дар қаламравҳои ҷангӣ ба сар мебаранд.
Ин омор дар гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба унвонии Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ нашр шуда, рӯзи 11 сентябр дар Женева дар ҷаласаи ин созмон оид ба ҳуқуқи кӯдак муаррифӣ шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди ҳукумат Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода намояндагӣ мекунад.
Дар як гузориши СММ аз июли соли 2017 омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон тавонистаанд, дар муддати ду соли ахир, аз соли 2015 то моҳи майи имсол, 19 хонавода ва дар маҷмӯъ 61 нафарро аз манотиқи ҷангзада ва аз роҳ ба сӯи Сурияву Ироқ баргардонанд. Ба гуфтаи мақомот, дар миёни ин 61 нафар, 21 нафарашон духтар ва 20 нафар писар будаанд. Дар гузориш омадааст, ки ҳукумат саъй дорад, онҳоеро, ки дар Сурияву Ироқ дармондаанд ва мехоҳанд, баргарданд, ба Тоҷикистон бозпас биёрад.
"Амнияти кӯдакону занони баргашта таъмин мешавад" Дар Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон ба ҷанг ҷазо муқаррар нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, онҳое, ки ҳамин корро мекунанд, бар асоси моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт мегиранд. Мақомоти интизомӣ бовар доранд, ки занону кӯдаконе, ки ба қаламравҳои ДИИШ афтодаанд, қурбони тасмимҳои иштибоҳиву фоҷеабори мардони хона – падару бародарҳои худ шудаанд ва дар ин манотиқи ноамн бо хатари воқеии аз даст додани ҷонашон рӯбарӯ шудаанд.
Баъди зуҳури гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, аз соли 2014 то кунун беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд ва на камтар аз 300 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Шумори воқеии қурбониёни ҷангҳои ДИИШ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар тамоми муддати ҷангҳо дар даст нест, ҳамчунон ки маълум нест, оё вазъи зану фарзандони онҳо чӣ шуд ва то куҷо шонси зинда баргаштани онҳо ба ватан боқӣ мондааст, ё на.