Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Плазаҳои нав дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ


Маркази матбуотии ширкати IRS ё “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон хабар дод, ки ду плаза ё маркази пулчинии нав дар мавзеи Деҳмой ва Шаҳристон, воқеъ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ мавриди истифода қарор гирифт. Ба иттилои ин манбаъ, маросими мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳо рӯзи гузаштаи 30-уми август дар мавзеи Деҳмой бо ширкати масъулони мақомоти вилояти Суғд, раёсати БДА-и ВКД дар вилояти Суғд ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Асомиддин Азизов, директори намояндагии ширкати IRS гуфт, ки қабл аз оғози фаъолияти ин ширкат, роҳи мазкур аз 6 то 8 моҳ баста мешуд ва баъд аз ба фаъолияти оғоз намудани ширкат, роҳ соли 2010 - 15 рӯз, 2011- 10 рӯз, ва соли 2017 бошад бинобар боришоти зиёди барф, ҳамагӣ ду ҳафта баста буд.

Ба гуфтаи масъулони ширкат, бо ҳадафи густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири роҳи Душанбе-Чанок, 3 корхонаи истеҳсоли асфалт бунёд гардида, шумораи зиёди зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Масъулони IRS мегӯянд, ки ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти ширкат бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ (парапет) оғоз гардида, то ин замон дар масофаи 8000 метр чунин деворҳо сохта ва ё гузошта шуданд.

XS
SM
MD
LG