Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон барои ташкили фаҳшо дар Туркия


Ниҳодҳои амниятии Туркия 5 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистонро бо гумони даст доштан дар тиҷорати инсон ва фаҳшо боздошт карда, ду нафари дигарро ба ҳабси хонагӣ маҳкум намудааст. Бино ба гузориши расонаҳои Туркия, боздошти ин афрод рӯзи 15-уми августи имсол дар амалиёти нирӯҳои амниятӣ дар Истанбулу Кайсерӣ ва Навшеҳир сурат гирифт.

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки афроди боздоштшуда шиносномаи як гурӯҳ занҳо аз кишварҳои фақирро мусодира карда, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур намудаанд. Ин занҳо бо ваъдаи кор дар бахши тиҷорат ба Туркия интиқол шуда буданд.

Шахсони боздоштшуда гуфтаанд, ки барои ворид кардани занҳо ба Туркия 4 ҳазор доллар харҷ карда ва занҳо бояд аз ҳисоби танфурӯшӣ ин қарзро бозгардонанд. Занҳо дар манзили мардҳои боздоштшуда дар Кандир, Кайсерӣ ва Навшеҳир ба фаҳшо машғул будаанд.

Дар маҳалли зисти боздоштшудаҳо силоҳ, телефонҳои мобилӣ ва симкортҳо, ноутбук ва миқдори зиёди асъори хориҷӣ кашфу мусодира шудааст. 7 нафари боздоштшуда ба бинои додгоҳи Габза интиқол шуда ва корҳои тафтишотӣ дар ин замина идома дорад.

XS
SM
MD
LG