Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Мавлуда розӣ шуд шавҳараш зани рус бигирад? САДО


Ҳеҷ зане намехоҳад, ки шавҳараш ба рӯи ӯ зан бигирад ва дар шиносномааш мӯҳри “талоқ” пайдо шавад. Аммо Мавлуда -- модари чаҳор фарзанд аз ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ мегӯяд, ба ҷуз аз як маврид-вақте зарурати фароҳам кардани ҳаққи кору иқомат ва шаҳрвандии ягона ноновари хона дар Русия пеш меояд.

Ин модари 38-сола мегӯяд, шавҳари муҳоҷираш охиран ӯро мутақоид кард, ки бе никоҳ бо зани рус ва дарёфти шаҳрвандӣ, дигар ризқи ӯву фарзандонашро пайдо карда наметавонад: "Чанд сол боз шавҳарам мегуфт, ЗАГС-амонро бекор кунем, то вай дар Русия зан гирад. Фақат не мегуфтам. Аммо бори охир аз Русия қариб дасти холӣ баргашт. Вақте чекҳоро нишон дод, нисфи пулаш барои ҳуҷҷат тайёр кардан сарф шудаст. Бар илова боз маблағи патент."

Бино бар иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад.

Мавлуда мегӯяд, пас аз қиссаҳои шавҳараш дар бораи азобу машаққатҳои муҳоҷират, “раҳм бар ашк пирӯз омад” ва ӯ розӣ шуд, ки расман аз шавҳараш талоқ бигирад ва роҳи ӯро барои издивоҷи дубора дар Русия боз кунад. Падари ин хонадон аз соли 2006 ба ин ҷониб ба муҳоҷират рафта, аз ин роҳ ризқи оилаву фарзандонашро таъмин мекард. Аммо гарон шудани нархи шаҳодатномаи кор ва сахттар шудани шароити муҳоҷират, даромадҳои ӯро ночиз кардааст.

Ин бор Мавлуда шавҳарашро бо шаҳодатномаи бекор шудан никоҳ ба Русия фиристод. Аз як сӯ умедвор аст, ки ягона ноновари хона таввасути издивоҷи муваққат шароиташ дар Русия беҳтар мешавад. Аммо дар як гӯшаи дилаш ин гумон низ ҳаст, ки мабодо "издивоҷ бо зани рус тӯл кашад"-у ӯву фарзандонаш бе парастор монанд.

Чаро Мавлуда розӣ шуд шавҳараш зани рус бигирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим

12 ҳазор "домод"-и тоҷик дар Русия дар як сол

Танҳо Мавлуда нест, ки ба хотири шаҳрвандии Русия шудани падари хонадон аз баҳри расмиёти никоҳу оила гузашт карда, барои издивоҷи шавҳараш бо хонуми дигар ризоият додааст. Бисёр ҳамтоҳои ӯ дар Тоҷикистон ин шеваи дарднокро таҷриба кардаанд ва шавҳарҳои худро довталабона ба оғӯши занҳои рус мефиристанд.

Бино ба иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад. Пеш аз издивоҷи шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус, мақомоти Русия аз “домод”- тоҷик мехоҳанд, собит кунад, ки дар ватан ҳамсари дигар надорад.

Ин санадро дар Тоҷикистон вазорати адлия таъмин мекунад. Ҳар рӯзи сешанбе ва панҷшанбе муҳоҷирон, занону хоҳарону модарони муҳоҷирон дар назди вазорат ҷамъ мешаванд, то маълумотномаи марди муҷаррад будани дарёфт кунанд ва муҳоҷирро ба орзуи шаҳрвандӣ бирасонанд.

Идивоҷи тоҷикон барои хонаву шаҳрвандӣ нест!

Вале на дар ҳама маврид издивоҷҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳисобшуда аст. Аксарияти артиши беш аз 800 ҳазораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷавонони сину соли издивоҷ, яъне аз 20 то 28 сола ҳастанд ва дар бисёре аз мавридҳо издивоҷи онҳо бо занони рус бар пояи муҳаббат ба якдигар сурат мегирад.

Анвар Бақоев, як сокини тоҷиктабори Русия, ки 14 сол қабл бо духтари рус издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд шудааст мегӯяд, "бисёриҳо фикр мекунанд, ки издивоҷи мо бо русҳо ҳисобшуда аст ва мо танҳо барои гирифтани шаҳрвандӣ ва ё, сабти ном шудан дар хонаи онҳо издивоҷ мекунем. Аммо ин тавр нест, ман завҷаамро дӯст дошта гирифтам. Вақте фаҳмидам, ки ӯ ҳомиладор шудааст, барои ба қайд гирифтани ақди никоҳ ариза додем. Тифли якум ҳамин тавр ба дунё омад, баъдан фарзанди дуюмамон. Ҳоло соҳиби се фарзандам. Аз зиндагаам розӣ ҳастам".

Полина -- завҷаи Бақоев мегӯяд, новобаста ба фарқияти фарҳангиву мазҳабӣ, ӯву шавҳараш дар рифоҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба сар мебаранд. Полина аз сифатҳои меҳнатдӯстӣ, бовафоӣ ва оромтабиатии шавҳараш ситоиш карда, мегӯяд, ба эҳтироми мазҳабҳои якдигар “ӯ ба шавҳараш Қуръон ва шавҳараш ба ӯ Инҷил харидорӣ кардааст”.

Аммо шумори муҳоҷироне, ки мисли Анвар номзади дилхоҳи худро пайдо кардаанд, ангуштшуморанд. Мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Русия мегӯянд, муҳоҷирон бо занҳои рус танҳо ба хотири дарёфти шаҳрвандӣ издивоҷ мекунанд ва баробари гирифтан шиноснома, онҳоро талоқ медиҳанд.

Пешниҳоди ҷазо барои "издивоҷҳои дурӯғин"

Лариса Никонова, муовини роҳбари раёсати САҲШ-и вилояти Свердловск мегӯяд, бо дарёфти шаҳрвандии Русия тоҷиктаборон зуд барои бекор кардани ақди никоҳ ариза медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар ним соли равон онҳо аз 38 тоҷиктабор барои бекор кардани никоҳ ариза гирифтанд. Ҳоло онки пештар чунин аризаҳо танҳо 1-2 адад дар 5 сол мушоҳида мешуд.

Охири соли гузашта вакилони вилояти дигари Русия – Калуга тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буданд, ки ҷазо барои издивоҷи дурӯғинро сахттар мекард. Дар пайи ошкор шудани як зумра издивоҷҳои тақаллубӣ аз сӯи додситонии ин вилоят, вакилон хостори то 300 ҳазор ҷарима ва ё, ба муддати 3 сол маҳрум кардани аз озодии нафароне шуда буданд, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷҳои тақаллубӣ мекунанд.

Аммо ин тарҳ ҳанӯз аз сӯи вакилони Думаи давлатӣ ҷонибдорӣ нашудааст ва дар сурати тасдиқ шудани издивоҷи тақаллубӣ никоҳ танҳо бекор мешавад ва муҷозоте дар пай надорад. Бинобар омори нуфусшумории охирин дар Русия дар соли 2010, ба замми 836 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик, 230 ҳазор тоҷиктаборон муқими ин кишвар шудаанд.

XS
SM
MD
LG