Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе гуфт, ки ҳанӯз ҷустуҷӯи Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” идома дорад ва ҷоизаи Иёлоти Муттаҳида барои пайдо намудани ӯ низ пойбарҷост. Миллард рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон ба ин масъала пардохт.
Амрико, ки Ҳалимовро дар қатори хатарноктарин террористони ҷаҳон шомил кардааст, барои пайдо кардани ӯ севуним миллион доллар ҷоиза таъин карда буд. Сафири Иёлоти Муттаҳида эҳтимоли аз феҳристи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ ҳазф шудани номи Гулмурод Ҳалимовро баъид донист ва гуфт, ки “танҳо Интерпол рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯро ба категорияҳо ҷудо кардааст. Шояд категорияи Ҳалимов дар вебсайти расмии Интерпол тағйир карда бошад.”
Охири ҳафтаи гузашта намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки исми Гулмурод Ҳалимов аз бахши афроди таҳти ҷустуҷӯи вебсайти Интерпол “гум шудааст” ва онҳо барои фаҳмидани асли қазия ба пулиси байналмилалӣ нома фиристоданд. Интерпол ё пулиси байналмилалӣ соли 2015 Гулмурод Ҳалимовро таҳти пайгард қарор дода, дар вебсайти расмиаш маълумот дар бораи ӯ аксашро нашр карда буд.
Дар баробари Гулмурод Ҳалимов дар ин феҳрист номи даҳҳо ҷавони дигар ба иттиҳоми терроризму ташкили иттиҳоди ҷиноӣ сабт шуда, таҳти пайгард буданд. Ҳоло дар баши афроди таҳти ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Интерпол номи Гулмурод Ҳалимов ва даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик нопайдост. Аммо дар ин бахши вебсайти Интерпол номи Муҳиддин Кабирӣ ва тақрибан бист шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дидан мумкин аст, ки ба терроризм ва ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳаманд.
Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН ё нирӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ, ки чанд давраи тамринҳои зиддитеррористиро дар Русияву Амрико гузаштааст, соли 2015 аз пайвастани худ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хабар дод. Аз он замон то кунун чанд дафъа хабари эҳтимоли кушта шуданаш дар матбуот нашр шуд. Бори охир моҳи апрели имсол маҷаллаи Таймс бо такя ба қавли нирӯҳои ироқӣ навишт, ки гӯё Ҳалимов дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Мавсил кушта шудааст. Аммо мақомоти тоҷик гуфтанд, ҳанӯз тасдиқи ин хабарро надоранд.