Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавон барои дуздии "Қуръон" дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе як ҷавоне боздошт шудааст, ки мақомоти пулис ӯро дар дуздии китоби “Қуръон” муттаҳам медонанд. Исми ин ҷавон маълум нест. Мақомот танҳо гуфтанд, ки 24-сола буда, гӯё китоби “Қуръон”-и як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро дуздидааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилои онҳо, ин ҷавон баъди дуздӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳр китобро ба маблағи 30 сомонӣ фурӯхтааст.

Ҳамчунин, тафтишот маълум кардааст, ки ин ҷавон дар дуздии “яхдон ва оинаи қаднамо” низ гумонбар ва маблағи дуздикардаи ӯ бар иловаи китоби “Қуръон” даҳ ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Нисбат ба ин ҷавон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Китоби “Қуръон” барои мусалмонон муқаддас аст ва пайравони дини ислом талош мекунанд, то зиндагиашонро бар асоси навиштаҳои ин китоб танзим кунанд.

XS
SM
MD
LG