Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (ГАИ) бо судури як қарор табдили ҳарчӣ зуди ҳуҷҷати пешинаи ронандагӣ (коғазӣ)-ро ба биометрӣ ҳатмӣ кардааст. Тоҷикистон соли 2014 додани парвонаҳои ронандагии биометриро шуруъ кард ва он вақт мақомот гуфта буданд, ки асноди кӯҳна то анҷоми муҳлати адои он мавриди истифода хоҳад буд. Шаҳодатномаҳои кӯҳнаи ронандагӣ барои даҳ сол дода мешуд.
То замони ислоҳи ҳуҷҷат ва гирифтани шаҳодатномаи биометрӣ нақлиёт дар ҷаримагоҳ меистад ва баргардонда намешавад.
Мақомоти БДА рӯзи 14-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки акнун ронандаҳо набояд то анҷоми муҳлати шаҳодатномаҳои куҳна, яъне даҳ сол, интизор бимонанд, вагарна мошинашон ба ҳабс гирифта мешавад. Онҳо сана ё мӯҳлати дақиқи иваз кардани шаҳодатномаҳои кӯҳна ба биометриро нагуфта, танҳо таъкид карданд, ки “ин кор бояд дар наздиктарин фурсат анҷом шавад”. Инчунин, маълум нест, чаро мақомот дар ин шабу рӯз барои табдили шаҳодатномаҳои куҳна ба биометрӣ иқдом намуданд.
Амирхон Ҳасанов, як масъули Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати иваз накардани шаҳодатномаи кӯҳна мошинҳо дар ҷаримагоҳ нигоҳ дошта хоҳанд шуд. “То замони ислоҳи ҳуҷҷат ва гирифтани шаҳодатномаи биометрӣ нақлиёт дар ҷаримагоҳ меистад ва баргардонда намешавад. Хотиррасон мекунем, ки агар аз замони гирифтани ҳуҷҷати ронандагии шаклаш кӯҳна се, чаҳор, панҷ ё ҳафт сол боз мавриди истифода аст, аллакай куҳнашуда аст ва бояд иваз карда шавад”, - афзуд ӯ.
Дар Бозрасии давлатии автомибилӣ ба Радиои Озодӣ нагуфтанд, ки то кунун чӣ қадар аз ронандаҳо соҳиби шаҳодатномаи биометрӣ шуда, чӣ қадари онҳо ба табдили парвонаи коғазиашон ниёз доранд. Аммо гуфтанд, ки табдили ин ҳуҷҷат дар ҳоли ҳозир 435 сомонӣ харҷ дорад.
Як ронанда дар пойтахти кишвар, ки ба таксиронӣ машғул аст, гуфт, ҳанӯз то анҷоми муҳлати шаҳодатномаи кӯҳнааш чаҳор соли дигар мондааст ва ҳоло заруратеро барои ивазаш намебинад. Ӯ мегӯяд, “гузашта аз ин, дар ин шабу рӯз 435 сомонӣ ёфтану харҷ кардан кори осон нест. Ба фикрам, агар чанд моҳ ё як сол вақт медоданд, ҳама барои табдили шаҳодатномаи куҳнааш фурсат ва маблағ меёфтанд.”
Мақомот мегӯянд, роҳандозии шаҳодатномаи биометрӣ бар асоси талаботи конвенсияи соли 1968-и Вена “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, ки Тоҷикистон низ узви он аст, сурат гирифтааст. Ва ҳадафи он фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ин Конвенсия будааст.
Ба гуфтаи мақомот, бартарии шаҳодатномаи намунаи нави ронандагии биометрӣ дар он аст, ки қобилияти фарсуданашавандагӣ дорад. Ҳамчунин минбаъд дар маҷмӯъ, он ба системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ворид гардида, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои дараҷаҳои баланд муайян карда мешавад.
Шаҳодатномаи нав як баргаи пластикии 54 ба 86 миллиметер аст, ки аз поликарбонат омода гашта, маълумоти он бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – дарҷ ёфтааст. Ба ғайр аз сурат дар шаҳодатнома инчунин дигар маълумоти биометрии соҳиби он аз ҷумла, пайи ангушт ва имзои электронии ӯ ҷой дода мнешавад.