Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тоҷикистону Узбакистон. Дӯстие, ки аз имтиҳони замон гузаштааст”


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар вебсайти расмии худ барномаи “Тоҷикистону Узбакистон: Дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст”-и телевизиони давлатии он кишварро нашр кард. Мӯҳтавои асосии ин барномаи телевизионӣ аз он иборат аст, ки тоҷикону узбакҳо асрҳо дӯстӣ доштанд ва минбаъд ҳам барои тақвияти садоқати худ ба ин амр талош хоҳанд кард.

Дар оғоз таҳиякунандагони барнома бо ёдоварӣ аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, таъкид мекунанд, “тоҷикону узбакҳо як қавме ҳастанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд”.

Ҳамчунин дар барнома гуфта шудааст, ки дар охири соли гузашта бо фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури феълии Узбакистон, ба 179 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Узбакистон тақдим карда шуд. Дар 25 соли ахир 700 тоҷикзабонҳои Узбакистон бо ҷоиза ва унвонҳои фахрии ин кишвари ҳамсоя қадрдонӣ шудаанд.

Мусоҳибон дар ин барномаи телевизионӣ аз ҳамкориҳои Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдоварӣ карда, эълон доштанд, ки ҳоло дар Узбакистон ҳудуди 55 ҳазор хонанда дар 250 мактаб ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд.

Дар ин барнома ҳамчунин аз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар маросими дафни Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд қадрдонӣ шуда, суханронии вай комилан намоиш дода шудааст. Дар идомаи барнома аз мулоқоти Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нишасти раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин тавсиф шуда, суханҳои президенти Узбакистон садо медиҳад, ки гуфтааст: “Тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар меҳвари сиёсати хориҷии Узбакистон қарор дорад”.

Дар робита ба ҳалли масоили марзии миёни Тоҷикистону Узбакистон хабар дода шудааст, ки ахиран ҷонибҳо ин мавзӯъро дар мулоқот дар Душанбе баррасӣ карда, ба хулосае расиданд, ки дар зудтарин фурсат коршиносони ҳар ду кишвар масоили боқимондаи марзии миёни ду кишварро ҳал мекунанд. Дар ин замина тиккае аз суханронии Шавкат Мирзиёев пахш мешавад, ки мегӯяд: “Ҳамаи масъалаҳо бояд бар пояи баробарӣ, манфиатҳои ҷонибҳову муштарак ва дар сурати зарурӣ гузаштҳо ҳал карда шаванд...”

Президенти Узбакистон афзудааст, “барои раҳбарон иродаи сиёсиву таҳаммул зарур аст, ки хостҳои мардуми ду кишвар барои дӯстиро бароварда созанд”.

Дар ин барномаи телевизионӣ дар мавриди обанбор ва нерӯгоҳи “Фарҳод” дар марзи миёни ду кишвар низ изҳори назар шудааст, ки солҳо боиси баҳсҳое дар бораи дар қаламрави кадоме аз кишварҳо қарор доштани он сурат мегиранд. Дар ин барнома гуфта мешавад, ки ин обанбор ва нерӯгоҳ солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1943) бо ҷалби 7 ҳазор нафар сохта шудааст. Ин барнома иддао мекунад, ки обанбори Фарҳод ҳанӯз дар тавозуни Вазорати энержии Узбакистон қарор дорад.

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор сурат мегирад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин иддаои ҷониби Узбакистон, ки ин обанбор дар тавозуни Вазорати энержии Узбакистон аст, чизе нагуфтаанд.

Дар ниҳоят муаллифони ин барномаи телевизионӣ хулоса мекунанд, ки дӯстии Тоҷикистону Узбакистон аз имтиҳони асрҳо гузаштааст ва ин ду кишвар ба ҷуз аз густариши ҳамкориҳо роҳи дигаре надоранд.

XS
SM
MD
LG