Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар мулоқот бо Навоз Шариф – нахуствазири Покистон – масъалаи таъмини ҳарчӣ зудтари субот дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. Навоз Шариф мегӯяд, бахши дигари сӯҳбати онҳо дар бораи тарҳи “КАСА-1000” буд.
Субот дар Афғонистон - омили тавсеъаи ҳамкориҳои минтақавӣ
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки рӯзи 5 июл боздиди расмии худ аз Тоҷикистонро шурӯъ кард, давоми тахминан ду соат бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат дидору гуфтугӯ кард. Дар сафари сеюми Шариф ба Тоҷикистон дар се соли охир, тавре президент Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар баробари матбуот таъкид кард, мавзӯи амнияти минтақавӣ меҳварӣ буд. Раҳбари Тоҷикистон суботу эътидол дар Афғонистонро гарави муваффақиятҳои иқтисодии тамоми минтақа мешавад.
Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя, барои давлатҳои мо ниҳоят муҳим аст.
Вай гуфт: "Субот дар Афғонистону минтақа роҳро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” боз хоҳад кард. Ӯ афзуд, “ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя барои давлатҳои мо ниҳоят муҳим аст. Мо тасмим гирифтем, ки ба манзури мусоидат ба раванди барқарории сулҳу суботи пойдор дар он ҳамоҳангиву ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи бештару муассире дошта бошем”.
Навоз аз Афғонистон чизе нагуфт
Ба ҳангоми суханронии Навоз Шариф бештари хабарнигорон интизор доштанд, ки ӯ низ мавқеи худро дар заминаи равобити Покистон бо Афғонистон, ки ахиран дучори мушкил шудааст, баён мекунад, вале ӯ бештар аз зарурати тавсеаи ҳамкориҳоии иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи дуҷонибо бо Тоҷикистон изҳори назар кард.
Зоҳиран, барои баррасии ин мавзӯъ рӯзи 6 июн фурсат хоҳад буд, чун қарор аст дар чаҳорчӯби нишасти сарони кишварҳои узви тарҳи энергетикии САҲА ба Душанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳам ҳозир шавад. Яке аз барномаҳо -- дидору гуфтугӯ дар формати сегонаи миёни президентони Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон аст.
Рӯзи 5 июл Навоз Шариф аз зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Душанбе сӯҳбат кард. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, баргузории ҷаласаи дувуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистонро дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ кард. Ӯ дар навбати худ гуфт, ки ба манзури дастрасӣ ба обҳои баҳру уқёнусҳо Тоҷикистон метавонад, аз бандари Гвадари Покистон истифода кунад.
Нахуствазири Покистон гуфт, бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тарҳи интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистону Покистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “CASA-1000” сӯҳбати тӯлонӣ доштааст. Вай оғози кор дар бунёди ин хатти байналмилалии интиқоли нерӯи барқро як ҳодисаи муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ донист.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки барои густариши ҳамкориҳои Покистону Тоҷикистон заминаву имконияти зиёд вуҷуд дорад ва аз сармоягузорони покистонӣ хост, ки аз минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дидан кунанд. Ӯ гуфт, ин минтақаҳо аз имтиёзҳои зиёди молиётию боҷи гумрукӣ бархӯрдор ҳастанд.
Масирҳои алтернативӣ
Даъватҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Покистон, ки собиқаи 25-солаи ҳамкорӣ доранд, бесабаб нест. Мирсаид Раҳмонӣ, коршиноси масоили минтақавӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар канори сардии равобити Покистону Афғонистон нооромиҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон барои ҳамлу нақли молҳо аз роҳҳои заминӣ душвориҳо эҷод кардааст.
Вай гуфт: “Бехатарии роҳ дар ин замина хеле муҳим аст. Вале роҳҳои дигари ҳамлу нақл вуҷуд дорад. Масалан, аз роҳҳои ҳавоӣ. Зеро роҳи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар хеле кӯтоҳ буда ва муддати парвоз дар масири Душанбе-Исломобод беш аз як соат аст. Бештари кишварҳо дар густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз роҳҳои ҳавоӣ истифода мебаранд”.
Ҳамчунин, оқои Раҳмонӣ ба вуҷуди роҳи дигари заминӣ ишора кард, ки аз тариқи минтақаҳои ороми Афғонистон убур карда ва аз Бадахшони Тоҷикистон тавассути дараи Вахони Афғонистон ба Читроли Покистон аст. Ба гуфтаи вай, роҳи минтақаи Читроли Покистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, аммо роҳи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад. Раҳмонӣ гуфт, ки феълан аз ин масир умдатан сайёҳони хориҷӣ, бахусус, сайёҳони ҳинду покистонӣ барои сафар ба кӯҳистони Бадахшон, истифода мекунанд.
Либосу картошка аз Покистон, алюминиюм аз Тоҷикистон
Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз Покистон асосан маводи кишоварзӣ ва либос ворид мекунад ва ба ин кишвар алюминий ва маҳсулоти аз ин мавод омодакардаро мефиристад. Тӯли чанд соли ахир Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон машғули таҳияи созишнома дар бораи транзит ва интиқоли маҳсулот ҳастанд, ки барои интиқоли маҳсулот миёни се кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Аммо ба сабабҳои мухталиф ин ҳуҷҷат то ҳол имзо нашудааст.
Коршиносони дигар мегӯянд, сафари Навоз Шариф ба Тоҷикистон, ки бо даъвати президент Раҳмон сурат мегирад, дар як марҳилаи хеле душвори сиёсӣ барои худи нахуствазири Покистон анҷом мешавад. Фарзандони ӯро барои фасоду пинҳон кардани маблағҳо дар ҳисобҳои офшорӣ муттаҳам мекунанд ва ин моҷаро метавонад ба мақоми нахуствазир таъсир расонад.
Довуд Хаттак, шореҳи масоили Афғонистон дар радиои Озодӣ гуфт, Навоз Шариф як раҳбари манфиатдор дар пешрафти иқтисодӣ аст ва маълум нест ки дар сурати тарки мақом кардани ӯ, ин сиёсати ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамсояҳо дар меҳвари сиёсати хориҷиаш қарор мегиррад ё на.
Довуд Хаттак гуфт: “Навоз Шариф як шахсест, ки ҳамеша дунболи манфиатҳои иқтисодӣ мегардад. Дар дурнамо робитаҳо бо Тоҷикистон ва ҳамкорони дигар зиёд осеб намебинанд. Вале ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад то андозае осеб бинад. Агар шахсе ҷойгузини Навоз Шариф шавад, имкон дорад, ки иқтисод ба мавқеи дуюм гузарад”.
Зимнан, дар поёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф дар Душанбе се санад -- Эъломияи “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ”, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат ва Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкориҳо байни Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ва Донишгоҳи агарарии Равалпиндии Покистон имзо шуд.