Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия Абдурашид Ҳомидовро аз боздоштгоҳ озод кард


Акси Абдурашид Ҳомидов
Акси Абдурашид Ҳомидов

Абдурашид Ҳомидов, як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", аз боздоштгоҳе дар Туркия озод шудааст. Вай рӯзи 15 апрели соли 2016 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия дастгир шуда буд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари як ҷиноҳи "Гурӯҳи 24", рӯзи 19 апрел гуфт, ки Тоҷикистон аз Туркия дархост карда буд, то ӯро истирдод кунанд.

Охири моҳи январи соли 2017 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки барои боздошт ва истирдоди гумонбарон ба Туркия 22 дархост ирсол кардаанд, вале ин кишвар ба онҳо ҳеҷ посух надодааст.

Аммо ба гуфтаи Сӯҳроб, "бинобар тасдиқ нашудани иддаои Тоҷикистон дар бораи истирдоди Ҳомидов, Туркия ӯро ба Душанбе нафиристод ва аз боздошт раҳо намуд".

"Замони дар зиндон будани Абдурашид, ҳамсараш дугоник таваллуд карда буд. Ҳоло ӯ ба назди зану фарзандаш рафт ва қарор додааст, ки ду-се рӯз аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор рафта, бо хонаводааш машғул бошад", - афзуд Сӯҳроб Зафар.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд тобистони соли гузашта Абдурашид аз зиндон озод мешуд, вале бинобар як табаддулоти нофарҷом дар Туркия озодшавии ӯ ба дарозо кашидааст. Қаблан низ вакили дифои Абдурашид Ҳомидов гуфта буд, ки зерҳимояааш ба бегуноҳии худ таъкид мекунад ва иддао дорад, парвандааш сиёсӣ аст.

Надежда Атаева он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Ҳомидов аз соли 2014 дар Туркия зиндагӣ мекунад. Ӯ як аризадиҳандаи Комиссариати олии СММ оид ба муҳоҷирон аст ва Туркия хуб медонад, ки дар Тоҷикистон мухолифонро таъқиб ва шиканҷа мекунанд."

Абдурашид Ҳомидови 27-сола, яке аз барандаҳои барномаи видеоии созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар YouTube буд. Баъзе манобеъ гуфта буданд, ниҳодҳои расмии Тоҷикистон истирдоди Ҳомидовро бо иттиҳоме дархост кардаанд, ки ӯ, ба гуфтаи онҳо, шахси хатарнок аст ва метавонад даст ба ҳамлаҳои террористӣ занад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ бор расман дар бораи Абдурашид Ҳомидов сӯҳбат накардаанд. Дар сӯҳбатҳои расмӣ онҳо аз боздошт ва дархости истирдоди Ҳомидов изҳори бехабарӣ мекарданд.

Танҳо охири моҳи январи соли 2017 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки барои боздошт ва истирдоди гумонбарон ба Туркия 22 дархост ирсол кардаанд, вале ин кишвар ба онҳо ҳеҷ посух надодааст.

XS
SM
MD
LG