Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли сулҳ. Ваҳшати ҷанг ва ваҳдати тоҷикон. ВИДЕО, САДО


Ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар аз 1 миллион нафарро паноҳанда кард.
Ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар аз 1 миллион нафарро паноҳанда кард.

Салтанат Саидраҳмонова, барои пайдо кардани ҷасади писараш ҳар рӯз белро мегирифт ва гӯрҳои сари роҳу бари роҳи қишлоқашонро боз мекард, то ҷасади писарашро пайдо кунад. ​Ба мардони мусаллаҳ, ки мегуфтанд, чӣ кор мекунӣ, далерона ҷавоб медод, ки коратон набошад ва ҷустӯҷуи писарашро идома медод. Дар ниҳоят ӯро ёфт ва ба гӯристон бурда дафн кард.

Деҳаҳои холӣ бо ҷасадҳои парешон дар соли 1992 як воқеият дар Тоҷикистон буд, воқеияте, ки ҳоло мардуми тоҷик бо дидани саҳнаҳои шабеҳ дар Сурияву Ироқ дар телевизион гиребон мегиранд.

“Мӯйсафеди ҳамсояро алов заданд, сари писарамро буриданд, ҷасадашро аз пушти ҳаёт ёфтам, бурдем дафн кардем, сарашро дигар наёфтам” - мегӯяд, ӯ.

Бо чунин қатлу куштор ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ном баровардаанд, ки ҳоло ҳам дар Сурияву Ироқ ҳастанд ва бо чунин бераҳмӣ ном баровардаанд. Ин ҷинояту бедодгариҳо на дар Ховари Миёна, балки дар замони ҷанги дохилии вайронгари 5-сола дар Тоҷикистон рух додаанд, ки кишварро ба хоку хун кашид ва даҳсолаҳо ба ақиб андохт.

Деҳаҳои холӣ бо ҷасадҳои парешон дар соли 1992 як воқеият дар Тоҷикистон буд, воқеияте, ки ҳоло мардуми тоҷик бо дидани саҳнаҳои шабеҳ дар Сурияву Ироқ дар телевизион гиребон мегиранд.

Салтанат Саидраҳмонова се писарашро дар ҷанг талаф додааст.
Салтанат Саидраҳмонова се писарашро дар ҷанг талаф додааст.

“Ҳар пагоҳӣ мехестам, бел дар даст мекофтам, мурда пур буд, гирду гӯша ҳама пур аз мурда буд. Ҳамроҳи духтарам мегаштам ва ҷасади писаронамро мекофтам, ин гӯрро мекофтам, гӯри дигарро мекофтам, хулоса ҷасади ду писарамро наёфтам” – мегӯяд, Салтанат Саидраҳмонова

Бедодгариҳои соли аввали ҷанг

Ҳамаи ин бедодгариҳо, соли 1992-ум дар соли аввали ҷанг дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Солҳои баъдӣ шиддати ҷанг поён омад, вале муноқишаҳои пароканда 5 сол идома кард ва бебандубориву беқонунӣ, қаҳтӣ дар Тоҷикистон ба як чизи оддӣ табдил ёфт.

Ман, ки дар саросари ҷаҳон бисёр сафар кардаам, ҳеҷ гоҳ чунин вазъро надида будам ва ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад”

Ранда Слим аз Амрико ду ҳафта пеш аз ҷашни арӯсиаш ба Душанбе омад ва соли 1994 дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезад. Ӯ мегӯяд, ончӣ ки аз он замон дар ёдаш мондааст, кӯчаҳои холиву беодами пойтахти Тоҷикистон буд. Ранда Слим, ки 20 дафъа барои мусоидат ба сулҳ ба Тоҷикистон омад, айни замон дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Ховари Миёна кор мекунад.

“Ман бо ҳамкоронам шоми барвақт дар Душанбе қадам мезадем. Ҳеҷ касе дар кӯча набуд, ҳеҷ одам дида намешуд. Ман, ки дар саросари ҷаҳон бисёр сафар кардаам, ҳеҷ гоҳ чунин вазъро надида будам ва ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад”- мегӯяд, низоъшиноси амрикоӣ, ки узви гурӯҳи Муколамаи байни тоҷикон буд”- мегӯяд Ранда Слим.

Нигоҳе ба оғози ҷанг ва бозгашти сулҳ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Муколама байни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин сурат мегирифт, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар ду тарафи сангар қарор доштанд. Таасуроти Ранда Слим аз рӯзҳои аввали муколама, ки намояндагони Амрико ва Русия дар он ҳузур доштанд ва мухолифону намояндагони ҳукуматро барои муколама даъват мешуданд, хуш набуд.

Сулҳ пас аз душманӣ

“Бахусус дар нишастҳои аввал, тоҷикон ва намояндагон аз ду тарафи ҷанг ба ҳамдигар бисёр душманӣ доштанд. Баъзе вақт ҳатто сари мизи хӯрокхӯрӣ бо ҳам наменишастанд. Аз нишастану хӯрдан сари як миз ва дар назди ҳамдигар сарпечӣ мекарданд. Вале баъдан дӯст шуданд, бо ҳамдигар шӯхӣ мекарданду латифа мегуфтанд. Маҳз оромтабиатӣ, бахшояндагӣ ва ин хислати тоҷикон, ки дар дил кина намегиранд, мусоидат кард, ки сулҳ дар Тоҷикистон ба даст ояд” – гуфт, Ранда Слим ба Радиои Озодӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллои Нурӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллои Нурӣ

Вале ин сулҳ баъди имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 ва баъди 5 соли ҷангу хунрезӣ ба даст омад. Баъди се соли музокироти сулҳ, ки соли 1994 шурӯъ шуд, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо карданд.

Баъди ин 30 дар сади мақомҳои ҳукуматиро ба намояндагони мухолифони давлат доданд, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин ё халъи силоҳ шуданд ва ба зиндагии осоишта баргаштанд ва ё ба сафи артиш пайвастанд. Авфи умум сурат гирифт ва онҳое, ки дар замони ҷанг ҷиноят содир карда буданд, аз зиндон озод шуданд.

Оқибатҳои ваҳшатноки ҷанг

Вале то расидан ба ин тавофуқ ва имзои санади сарнавиштсози сулҳ, бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд ва садҳо ҳазор нафар бахусус аз вилояти Хатлон аз тарси кушта шудан ба Афғонистон гурехтанд. Ҷанги дохилии Тоҷикистон яке аз ҷангҳои хунинтарин дар қаламрави пасошӯравии собиқ ба ҳисоб меравад. Ин ҷанг иқтисодро даҳсолаҳо ақиб андохт, Тоҷикистонро дастнигару мӯҳтоҷи кӯмакҳои башарӣ кард ва дар радифи фақиртарин кишварҳои дунё қарор дод.

Омилҳои печидаи ҷанг

Ҷанги дохилӣ соли 1992 ва як сол баъд аз пош хӯрдани шӯравии собиқ шурӯъ шуд. Дар як сол нерӯҳои сиёсии гуногун, демократу исломӣ ва озодандешу миллатгаро ба саҳна омаданд ва кашмакашу тазоҳурот як ҳодисаи оддӣ шуд. Дар давоми як сол дар Тоҷикистон эътирозгарон раиси ҷумҳур ду бор ва ҳукумат панҷ бор иваз карданд.

Бо вуҷуди омилҳои печидаи муноқиша, як тавофуқи назар вуҷуд дорад, ки таназзули иқтисодӣ, маҳалгароӣ ва мухолифати идеологияи исломӣ ва коммунистӣ, аз ҷумлаи омилҳои афрӯхтани оташи ҷанг шуд.

Ҷон Ҳезершоу мегӯяд, бастаи мушкилот сабаби ҷанги дохилӣ шуд.
Ҷон Ҳезершоу мегӯяд, бастаи мушкилот сабаби ҷанги дохилӣ шуд.

“Ба ақидаи ман, баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми омилҳо ҷамъ шуданду ҷанги шаҳрвандиро ба бор оварданд. Ба шумули таназзули иқтисодӣ, рақобат байни элитаҳои минтақавӣ барои ҳукуматдорӣ ва ҳам ҳукуматдории бемасъулиятонаи раиси ҷумҳури он замон Раҳмон Набиев” мегӯяд, Ҷон Ҳезершоу, низоъшиноси бритониёӣ, ки ҷангу сулҳ ва омилҳои муноқишазо дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст.

Аммо дар дохил назари дигар аст ва чӣ донишмандон ва чӣ худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҷанги дохилиро ҷанги таҳмилӣ аз тарафи қудратҳои хориҷӣ номидааст. Ҳарчанд ҳеҷ кишвареро ном набурдаанд, аммо пӯшида нест, ки дар панҷ соли ҷанг ҳукумати Тоҷикистонро Русия ва Иттиҳоди мухолифони давлатро Эрон дастгирӣ мекард.

Ҳезершоу: Мардуми Тоҷикистон аз сиёсатгурезтарин мардум дар ҷаҳон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:28 0:00

Маъсума Турфа, ки қабл аз ҷанг ва замони ҷанг ба Тоҷикистон рафтааст ва сухангӯи Гурӯҳи нозирони Созмони Милал дар Душанбе буд, мегӯяд, сулҳи тоҷикон, ки яке аз нодиртарин маъмурияти сулҳсозии Созмони Милал аст, баъд аз он ба даст омад, ки ҳомиёни ду тараф ҳам ҳукумат ва ҳам нерӯҳои мухолифин ба мувофиқа расиданд.

20 соли сулҳ. Нигоҳе ба ваҳшати ҷанг ва ваҳдати тоҷикон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:30 0:00
Линки мустақим

“Як омили муҳим дар сулҳи тоҷикон ин буд, ки ду қудрати бисёр муҳими минтақа, ки маъмулан бо ҳам рақобат доштанд, яъне Эрон ва Русия дар мавқеи сулҳи тоҷикон ба ҳам ба тавофуқ расиданд. Дар воқеъ як муомилае ҳам байни онҳо анҷом шуд, ки Эрон дар умури Тоҷикистон камтар дахолат кунад ва Русия битавонад Эронро дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамроҳӣ, дифоъ ва ҳимоят кунад. Ин тавофуқи бисёр калидӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва мо мебинем, ки Эрон ва Русия бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд” - мегӯяд, ӯ.

"Ин ҳамон сулҳе нест, ки соли 1997 ба даст омад"

Азбаски ҷанги дохилии Тоҷикистон баъд аз музокироти сулҳи нисбатан кӯтоҳ ва бо миёнҷигарии Созмони Милал ба поён расид ва 20 сол боз побарҷой аст, яке аз таҷрибаҳои нодири сулҳсозӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ба истиснои Тоҷикистон, бисёре аз кишварҳое, ки ҷанги дохилиашон бо мусолиҳа ба поён расидааст, баъди 5 сол дигарбора гирифтори ҷангу бесуботӣ шудаанд.

Рашид Абдулло мегӯяд, сулҳи тоҷикон нодир аст.
Рашид Абдулло мегӯяд, сулҳи тоҷикон нодир аст.

“Дар олам феълан як ҳодисаи нодир аст, аз он лиҳоз, ки аз лаҳзаи ба имзо расидани созишномаи сулҳ то ба алҳол, ба сурати умум ин сулҳ ҷиддан халалдор нашуд. Ҳарчанд буданд, ҳолатҳое, ки то андозае ин сулҳро халалдор карданд. Масалан баъди ба имзо расидани созишнома, чанд доругири низомӣ шуд, байни онҳое, ки сулҳро қабул карданд ва онҳое, ки сулҳро қабул накарданд. Баъд аз соли 1997. Баъдтар аз ин охирин ҳодисаҳо дар Хоруғ буданд, ки аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифтанд” -мегӯяд, Рашид Абдулло, таҳлилгари тоҷик, ки дар замони ҷанг дар Тоҷикистон бо Гурӯҳи нозирони сулҳи Созмони Милал кор кардааст.

Бо вуҷуди гузашти ду даҳсола аз имзои созишномаи сулҳ ва хатми ҷанг, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳоло омилҳои ноамнӣ дар Тоҷикистон бештар шудаанд. Бад шудани вазъи иқтисодӣ ва бекорӣ эътимод ба давлатро кам кардааст, ки мегӯянд, касе ғами онҳоро намехӯрад.

Дигар ин ки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки соли 2015 созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд, ки достони дарози дигар аст. Ҳизби мазкурро баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ бастанд, ки худи ӯ яке аз фармондеҳони охирини нерӯҳои собиқи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон буд ва ба ҳукумат ҷалб шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо гузашти 20 сол аз имзои созишнома, яке аз нуктаҳои аслии он иҷро нашуд ва он банд ҳам “таъмини шароит барои рушди демократии” Тоҷикистон аст.

Маъсума Турфа
Маъсума Турфа

“Аз фардои рӯзе, ки тавофуқи сулҳ имзо шуд, мутаасифона давлати Тоҷикистон ва оқои Эмомалӣ Раҳмон, ба нақзи бисёре аз мафоди (бандҳои) он шурӯъ карданд. Шурӯъ карданд, аз онки раиси ҷумҳур метавонад, барои муддати тӯлонӣ дар мақомаш бимонад. Инро кам-кам идома доданд ва то ба онҷо расонданд, ки ҳоло раиси ҷумҳур, раиси ҷумҳури мудомулумр, ё дар воқеъ подшоҳ шудааст. Ва ин нақзи бисёре аз бандҳои созишномаи сулҳ аст. Ҳоло бисёре аз мухолифони исломӣ, ки имзокунандаи он тавофуқи аввалияи сулҳ ва ҳамроҳ бо давлат буданд, ҳама ё дар зиндонанд, ё ба кишварҳои дигар фирор кардаанд. Наметавон гуфт, ки ин ҳамон сулҳе ҳаст, ки соли 1997 ба имзо расид” -мегӯяд, Маъсума Турфа.

Маъсума Турфа. "Муҳимтарин банди созишномаи сулҳ зери по шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:45 0:00
Линки мустақим

Айни замон даҳҳо узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар хориҷ ба сар мебаранд, ин дафъа на дар Афғонистони ҷангзада, балки дар Аврупо.

Муҳимтарин вазифа, ҳифзи субот ва сулҳ

Ба гуфтаи Маъсума Турфа, вазъи Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулоти пурталотуми сиёсӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ бисёр ҳассос аст ва бояд эҳтиёт кунанд, ки сулҳу суботи осепбазири кишвар халал наёбад.

“Мардуми Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистон бояд инро дар назар дошта бошанд, ки ин бор ҷомеаи байналмилалӣ бисёр масруфи ҷангҳои дигар дар Ховари Миёна, дар Африқо ва дар минтақа дар Афғонистон ҳаст. Дар натиҷа он қадр фурсат нахоҳад дошт, ки ба шӯриш ва ё мушкилоти дохилии сиёсии Тоҷикистон бипардозад. Ва ин худи мардум ва худи давлат ҳастанд, ки бояд аз он сулҳи беназир ва нодир ҳифозат кунанд ва онро нигаҳ доранд ва нагузоранд, ки ин сулҳ халалдор бишавад."

Бахше аз ин мусоҳибаҳо ба зудӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ ё дар шакли видеоӣ ва ё мусоҳибаи радиоӣ нашр мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG