Ғурфаи донишҷӯёни тоҷик дар Ҷашнвораи саввуми милали Донишгоҳи Фирдавсӣ дар шаҳри Машҳади Эрон ҷойи аввалро гирифтааст. Эмомалӣ Муллоёров, донишҷӯйи бахши иқтисоди бозаргонии ин донишгоҳ, рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷашнвора моҳи апрел сурат гирифт ва ғурфае, ки донишҷӯёни тоҷик бо ғизову либосҳои суннатӣ оро дода буданд, дар байни ғурфаҳои донишҷӯёни 21 кишвар соҳиби ҷойи аввал шуд. Баъди пирӯзӣ донишҷӯёни тоҷик парчами Тоҷикистонро ба ҳаво сар доданд. Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Эрон ҳисоб меравад ва дар он бештар аз 20 ҳазор нафар аз ҷумла 18 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир