Комроншоҳ: “Ҳамаи кӯшишам барои шодии миллати тоҷик буд”
Масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, нишон ва парчами ин ҳизбро тақдим карданд. Сарфароз Фаттоҳзода, раиси бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд, гуфт, “мо парчам ва нишони ҳизбро ба созмонҳои ибтидоӣ медиҳем, аммо бори аввал ба як шахс тақдим мекунем.” Комроншоҳи Устопириён, нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки пайиҳам ду дафъа ба унвони қаҳрамони ҷудо ё дзюдои Осиё (соли 2016 дар Тошканд ва имсол дар Ҳонконг) даст ёфт. Худи Комроншоҳ гуфт, “дар ин мусобиқа ҳарифи аввалинам аз Кувайт, ҳарифи дувумам аз Узбакистон, дар қувваозмоии ниманиҳоӣ – паҳлавони ҷопонӣ ва дар ниҳоӣ паҳлавони қазоқро мағлуб карда, сазовори медали тило ва унвони “Қаҳрамони Осиё” гардидам. Ҳамеша кӯшиши ман бар он буд, ки миллати сарбаланди тоҷикро шод кунам.” Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо нӯҳ зина боло рафт ва бо 2160 имтиёз дар миёни 301 гуштигири вазнашон зери 90 кило мақоми севумро касб кард.