Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз саргардониҳои зиёд. Бознигарии қазияи бадрафтории милисаҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пас аз тақрибан 8 моҳи саргардонии як зани тоҷик, ки мегӯяд, маъмурони милиса бо ӯ бадрафторӣ кардаанд, додситонии шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки шикояти ӯ дигарбора баррасӣ шавад.

Ҷаъфар Юлдошев, намояндаи Эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар посухи катбие ба ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номае ба ҳамин унвон рӯзи 23-уми май ба зане, ки расидааст, ки аз моҳи октябри соли 2016 дар ҷустӯҷуи адолат аст.

Дар ин нома омадааст, ки рӯзи 22-уми май, додситонии пойтахти Тоҷикистон қарор кардааст, ки “ба сабаби тафтиши нопурра ва яктарафаи амалҳои кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе” қарорҳои пешина беэътибор карда шаванд ва парванда дигарбора таҳқиқ шавад.

Қазияи бадрафторӣ бо як зани 34-солаи тоҷик ва меҳмонони хориҷии ӯ моҳи октябри соли 2016 ба расонаҳо роҳ ёфт ва баҳси зиёдеро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Фейсбук барангехт. Ин зан, ки то ҳол номашро ошкор накардааст, зимни муроҷиат ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, ки гурӯҳе аз маъмурони милиса моҳи октябр ҳангоми амалиёти “Нелегал” ба хонаи ӯ воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур омада ва аз ӯ хостаанд, санадҳояшро нишон бидиҳад.

Дастгирии Додситонии кулл ба қазия таъсири мусбат мегузорад ва додситонии шаҳрӣ он кормандони милисаро, ки нисбат ба зан нерӯи беш аз ҳадро ба кор бурдаанд, пайдо карда мешаванд ва ҷазои сазовор мегиранд.

Бо вуҷуди пешниҳоди ҳамаи санадҳо кормандони милиса гуфтаанд, ки дар хонаи ӯ хориҷиҳо ҳастанд ва бояд ҳуҷҷатҳои онҳо тафтиш шавад. Ба иддаои ин зан, сипас кормандони интизомӣ бо истифода аз зӯр вориди хона шуда, соҳибхонаву меҳмонҳоро ба шӯъбаи умури дохилӣ бурдаанд.

Ҳангоме, ки ин зан хостааст, амали маъмурони милисаро ба навор бигирад, нисбат ба ӯ зӯроварӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи зане, ки маъмурони милисаро ба бадрафторӣ муттаҳам мекунад, дар шӯъбаи умури дохилӣ аз онҳо бо зӯр баёнот гирифтаанд, ки ҳеҷ шикоят надоранд ва сипас раҳо кардаанд.

Муроҷиатҳои бенатиҷа ба додситониҳо

Баъди муроҷиати зани тоҷик, ки дар яке аз созмонҳои байналмилалӣ кор мекунад, додситонии ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии ӯ дар бораи рафтори кормандони милисаро ба баррасӣ гирифтааст, вале рӯзи 20-уми ноябри соли 2016 хулоса кардааст, ки сабабе барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ намебинад, зеро “дар рафтори маъмурони милиса таркиби ҷиноят дида намешавад.”

Вакили зани тоҷик, ба додситонии Душанбе муроҷиат кардааст, вале ин дафъа низ муфаттишон гуфтаанд, ки маъмурони милиса “ҷинояте накардаанд” ва набояд ба зидди онҳо парванда боз шавад. Ҳамингуна тақозои зани тоҷик барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ ба зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқро ду дафъа рад кардаанд, вале ӯ ба зинаҳои болоӣ, аз ҷумла додситонии кулли Тоҷикистон низ муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи Ҷаъфар Юлдошев, бо вуҷуди онки мақомоти интизомӣ дар баррасии аризаву шикоятҳо, бар хилофи меъёрҳои муқарраркардаи қонун, таъхир кардаанд, вале муҳим он аст, ки тафтиши додситонӣ бетарафона сурат бигирад. “Умед ҳаст, ки тафтиш бетарафона сурат мегирад, чунки додситонӣ дар тафтишҳои пештара норасоӣ пайдо кард ва қарор дар бораи рад шудани дархост барои парвандаи ҷиноӣ лағв кард.”

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, “дастгирии Додситонии кулл ба қазия таъсири мусбат мегузорад ва додситонии шаҳрӣ он кормандони милисаро, ки нисбат ба зан нерӯи беш аз ҳадро ба кор бурдаанд, пайдо карда мешаванд ва ҷазои сазовор мегиранд.”

Масъалаи бадрафтории маъмурони милиса ва дигар кормандони ниҳодҳои амниятӣ ҳамеша як масъалаи доғ дар ҷомеа аст ва ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла Созмони Милал ҳам аз Тоҷикистон хостааст, ба ин зуҳурот хотима бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG