Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷол бар сари дуои "Раббано" дар Эрон авҷ гирифт


Дуои маъруфи "Раббано" бо садои Муҳаммадризо Шаҷариён, муноҷоте аст, ки ҳудуди 30 сол бо тору пуди айёми Рамазон дар Эрон гиреҳ хӯрда, навои он паёмрасони лаҳзаҳои пеш аз ифтори миллионҳо рӯзадор дар Эрон буд. Аз соли 2009 пахши ин дуои маъруф дар моҳи Рамазон дар телевизиони давлатии Эрон мамнӯъ шуд.

Ин мамнӯият дар пайи номаи эътирозии Муҳаммадризо Шаҷариён ба Иззатулло Зарғомӣ, раиси "Садо ва Симо" ва ё телевизионии давлатии Эрон сурат гирифт. Оқои Шаҷариён дар эътироз ба суханони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон, аз ин созмон хост, ҳеҷ як аз осори ӯ дар ин расона пахш нашавад.

Агарчӣ Муҳаммадризо Шаҷариён дар номаи худ танҳо пахши дуои "Раббано"-ро аз телевизион истисно карда буд. Бо ин ҳол 8 соле аст, ки ин дуо аз телевизиони давлатии пахш намешавад ва ба муноқишаи тарафдорон ва мунтақидони ӯ дар сатҳи болои сиёсӣ табдил шудааст.

Шаҷариён яке аз маъруфтарин овозхонҳои Эрон аст ва ба Тоҷикистон ҳам сафар кардааст.
Шаҷариён яке аз маъруфтарин овозхонҳои Эрон аст ва ба Тоҷикистон ҳам сафар кардааст.

Ҳафтаи гузашта рӯзномаи давлатии "Эрон" гузориш дод, ки Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири фарҳанг ва иршод ба таври расмӣ дар номае ба раиси Садо ва Симо хостори пахши дуои "Раббано"-и Муҳаммадризо Шаҷариён дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон шудааст.

Бо инки масъулони Садо ва Симо ҳанӯз ба таври расмӣ ба ин дархост вокунише нишон надодаанд, аммо рӯзи якшанбе Муҳаммадҷавод Лориҷонӣ, намояндаи вазорати адлия дар Шӯрои назорат бар Садо ва Симо, пахши дуои "Раббано"-и Шаҷариён аз телевизонро "хилофи меъёрҳои шаръии тиловат" хонд.

Чӣ тавр касе, ки дар водии кори қуръонӣ ҳеҷ собиқае надорад, ба худаш иҷоза медиҳад, ингуна ҷасурона ва бо эътимод ба нафс дар бораи гуфтае, ки иттилооте дар мавридаш надорад, сухан бигӯяд?

Ба гузориши хабаргузории ИЛНА, Ҷавод Лориҷонӣ дар вокуниш ба ин дархост гуфтааст, ки мавзӯи дифоъ аз оқои Шаҷариён ба як муноқишаи сиёсӣ табдил шуда ва аз ин рӯ "дар тиловати дуои Раббано таваҷҷӯҳ ба оят таҳти шуоъ қарор мегирад ва ин ба гуфтаи ӯ, хилофи меъёрҳои шаръии тиловат аст."

Ҳамзамон Муҳаммадризо Нурбахш, мудири Хонаи мусиқӣ дар вокуниши интиқодӣ ба ин изҳороти рӯзи якшанбеи Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИЛНА тахассуси қуръондонии Лориҷониро зери суол бурд ва гуфт, "Чӣ тавр касе, ки дар водии кори қуръонӣ ҳеҷ собиқае надорад, ба худаш иҷоза медиҳад, ингуна ҷасурона ва бо эътимод ба нафс дар бораи гуфтае, ки иттилооте дар мавридаш надорад, сухан бигӯяд?"

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам аз манъи пахши Раббано интиқод кардааст.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам аз манъи пахши Раббано интиқод кардааст.

Дар ҷараёни таблиғот ва мунозираҳои интихоботии ахири раёсати ҷумҳури Эрон масъали манъи пахши дуои "Раббано"-и Шаҷариён аз Садо ва Симои Эрон чанди бор аз сӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон матраҳ шуд ва ӯ аз адами пахши дуои "Раббано" бо иҷрои Шаҷариён аз Садо ва Симо ба шиддат интиқод карда буд.

Дар ин замина Муҳаммадҷавод Абтаҳӣ, намояндаи Хумайнишаҳр дар парлумони Эрон рӯзи якшанбе дар ёддоште дар ҷаласаи бози маҷлис аз дархости пахши дуои "Раббано" аз сӯи ҳукумат интиқод кард ва гуфт, ки дар шаъни ҳайати ҳукумат нест, ки ба гуфтаи ӯ дар ин гуна масоил ворид шаванд.

Дуои Раббано инҷост.

Дуои "Раббано" бо иҷрои Муҳаммадризо Шаҷариён дар тирамоҳи соли 1358 сабт ва ҳудуди 30 сол ҷузъи барномаи аслии радио ва телевизиони Эрон дар моҳи мубораки Рамазон буд. Дар авоили имсол иҷрои ин муноҷот бо садои Муҳаммадризо Шаҷариён аз сӯи Созмони мероси фарҳангии Эрон ҳамчун асари миллӣ, сабт шуд.

XS
SM
MD
LG