Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Барои сохтмони Роғун пул дорем"


Як вакили порлумони Тоҷикистон, ки аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дидан кардааст, гуфт, ки эҳтимол дорад, то охири соли 2018 се агрегати нерӯгоҳ ба кор андохта шавад.

Баҳодур Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то охири соли оянда ду чарха ё агрегати нерӯгоҳи Роғун мавриди истифода қарор дода мешавад ва эҳтимол дорад, агрегати саввум низ ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ кунад.

Масъулони тоҷик сару садоҳо дар ҷомеа дар бораи камбуди маблағ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро бепоя медонанд ва мегӯянд, ки барои бунёди ин нерӯгоҳ маблағи кофӣ вуҷуд дорад.

Ин вакили мардумӣ, ки чанде пеш дар як ҳайати корӣ аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ ошно шудааст, дар бораи далелҳои расидан ба ин амр гуфт, " 200 мутахассис аз шаҳри Харкови Украина ба насби ду агрегат машғул ҳастанд. Беш аз 70 километр туннелҳои обгузар бунёд шудааст. Ҳамчунин толори агрегатҳо бо баландии 70 метр дар дохили кӯҳ канда шудааст. Вакили мардумӣ дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, барои то ба 270 метр бардоштани садди обанбори нерӯгоҳи Роғун хоку шағал захира шудааст."

"Маблағ кофӣ аст"

Баҳодур Акрамзода гуфт, ки сару садо дар бораи камбуди маблағ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро асос надорад ва маблағи зарурӣ ихтисос шудааст ва ширкати "Салини Импреҷило С.п.А." машғули кор аст.

Раъно Зоҳирова, намояндаи вазорати молияи Тоҷикистон дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ихтисоси маблағҳо барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун танҳо гуфт, ки “маблағ аз рӯи имкон ҷудо мешавад”.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро кафолати суботу шукуфоии кишвар медонад, барои идомаи бунёди он 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.Танҳо барои сохтмони садди асосии нерӯгоҳ 1 милларду 950 миллион доллар лозим будааст.

Ин дар ҳолест, ки бо дарназардошти бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкили камбуди будҷа дар Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи кишвар сару садоҳое паҳн шудаанд, ки ширкати "Салини Импреҷило С.п.А." ба далели набудани маблағ корҳои сохтмонӣ дар "Роғун"-ро ба таъхир андохтааст.

Абдураҳмон Наҷмиддинов, коршиноси масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао дар бораи мушкили камбуди будҷа ва ба ин хотир ихтисор шудани бархе аз харҷҳои давлатиро бепоя донист. Вай гуфт: "Чунин иддао комилан бепоя аст, зеро дар будҷа харҷи ҳар як арса пешбинӣ шудааст ва тағйири худсарона ё иҷро нашудани қонуни будҷа ғайриимкон мебошад. Барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" низ барои чанд соли оянда маблағи зарурӣ дар назар гирифта шудааст."

Дар соли 2009 Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи азими "Роғун"-ро худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи фурӯши саҳмияҳоро шурӯъ кард. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Тарҳҳои энержӣ ва сармояҳои хориҷӣ

Бо ин вуҷуд дар моҳи феврали соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба Қатар аз сармоягузорони ин кишвар даъват кард, то дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энержии Тоҷикистон саҳм бигиранд.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1.
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1.

Ба эътиқоди коршиносон, дар ин замина як мушкили асосие вуҷуд дорад, ки монеи сармоягузорони хориҷӣ дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон мешаванд. Ба гуфтаи онҳо номукаммал будани қонунгузории Тоҷикистон аст, ки амнияти сармояи сармоягузоронро кафолат намедиҳад. Тоҷикистон тӯли чанд сол аст, ки наметавонад пули барқи нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”- ро ки яке аз Русия ва дувумӣ аз Эрон мебошад, қарздор аст.

XS
SM
MD
LG