Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии вакили Душанбе аз изҳороти ВКД дар бораи "Ҳолӣ"


Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева

Гулнора Амиршоева – вакили Маҷлиси Душанбе ва сардабири нашрияи "Вечёрка" – мегӯяд, то ҳол додситонии пойтахт ба муроҷиати ӯ дар бораи латту кӯб шудани иштирокдорони ноболиғи ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ" посух надодааст. Амиршоева 26 май дар суҳбат бо Озодӣ изҳороти як рӯз пеши Вазорати корҳои дохилиро низ "шона холӣ кардан аз масъулият" донист ва аммо гуфт, "ин корро ҳамин хел намемонад".

Ин вакили Маҷлиси Душанбе мегӯяд, талош хоҳад кард, ба зудӣ ба суҳбати вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рафта, ин мавзуъро шахсан бо вай дар миён гузорад. "Дар ин бора қаблан ҳам ба ҳайси вакили Маҷлиси пойтахт ба додситонӣ, вазири корҳои дохилӣ ва шаҳрдории Душанбе муроҷиат карда будам. Мо гуфтем, ки дар ин қазия ҳаққи ноболиғон нақз шудааст ва омилонаш ҷазои воқеӣ бигиранд," – афзуд ӯ.

Гулнора Амиршоева аз он норозигӣ дорад, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қазияи "Ҳолӣ", баръакс, худи ноболиғонро барои гӯё баҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда ва гуфтааст, ки аз болои онҳо чанд сокини пойтахт ҳам шикоят кардаанд.

"Инҳо пеш аз ҳама нагуфтанд, он милисаҳое, ки танбеҳ гирифтанд, кӣ буданд? Нагуфтанд, ки аз болои иштирокдорони "Ҳолӣ" кӣ шикоят кардааст? Чӣ шикоят кардааст? Бачаҳо аждаҳо набуданд, ки касе аз онҳо битарсад. Чаро маъмурони пулисе, ки бадрафторӣ карданд, танҳо танбеҳ гирифтанд? Ин магар ба дигар маъмурони пулис иҷоза намедиҳад, ки ҳар касеро хостанд боздошт карда, бо онҳо бадрафторӣ кунанад ва фақат бо танбеҳ халос бихӯранд?" – суол гузошт Гулнора Амиршоева.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, масъули созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, рӯзи 26 май дар суҳбат бо Озодӣ аз Бишкек гуфт, ки ӯ низ бо изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ розӣ нест ва онҳо барои таҳқиқи мунсифонаи латту кӯби ноболиғон дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе пофишорӣ хоҳанд кард. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа, ки Озодиҳои шаҳрвандӣ яке аз онҳост, ду рӯз пеш аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, то ин қазияро сареъ таҳқиқ кунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 25 май қазияи боздошти гурӯҳе аз ҷавонон пас аз баргузории ҷашни "Ҳолӣ" дар Душанберо шарҳ дод ва гуфт, ки боздошти ин ҷавонон ба манзури ҳифзи тартибот ва бар пояи шикояти сокинон сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи расмии вазорат гуфта мешавад, ки ин гуруҳи ҷавонон рӯзи 5 май дар майдони “Спартак” ҷашни “Ҳолӣ”-ро таҷлил карда, баъдан бо рӯву мӯй ва либосҳои рангкарда ба кӯча баромадаанд. Ба таъкиди вазорати умури дохилӣ, чунин амалу рафтори ҷавонон боиси изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони пойтахт шудааст ва баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон оид ба гаштугузори ҷавонони шубҳанок, кормандони пулис 48 нафар, аз ҷумла 31 ноболиғ ва 17 ҷавонро боздошт ва ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин амали кормандони пулис тибқи қонун будааст.

Дар ҳамин ҳол вазорат мегӯяд, бинобар "дағалона" рафтор намудани кормандони пулис, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД, нисбати 4 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ аз ҷумла 1-нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд.

Сабти садое, ки рӯзи 16 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, гурӯҳе, ки худро корманди милиса муаррифӣ мекунанд, бо чанд боздоштшуда, ба хусус духтарон бо як лаҳни қабеҳ муомила мекунанд. Дар ин савт, ки пинҳонӣ дар телефони ҳамроҳ сабт шудааст, шунида мешавад, ки як нафар бо доду фарёд ва ба муроҷиат ба каси дигар мегӯяд: "Ҳиндустондаӣ? Дар куҷоен Шумо? Тинҷӣ намефоратон?" ва сипас дашномҳои қабеҳе медиҳад, ки ба далоили ахлоқӣ зикри онҳо ҷоиз нест.

Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашнвораи миллӣ-мазҳабӣ аст, ки дар Ҳиндустон, ба вижа таввасути ҳиндуҳо дар моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин ид дар тамоми Ҳиндустон рӯз таътили расмӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол аст, ки як гурӯҳ аз ин ҷашн истиқбол мегиранд.

Бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтанд, ки барои аз байн бурдани бадрафториву шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва боздоштгоҳҳо чораҳои зиёд меандешанд.

XS
SM
MD
LG