Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи нави вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст. Ёров дар ин парванда ба “таҳқири оммавии президенти Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ” муттаҳам мешавад. Дар котиботи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин парванда аз тарафи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба онҳо дастрас шудааст. Онҳо гуфтанд, феълан муҳокимаи парвандаи дигари Бузургмеҳр Ёров бо ҷурми “қаллобӣ” дар ҳамин додгоҳ ҷараён дорад.
Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми додгоҳ дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ, ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад, худи Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.
Онҳо мегӯянд, боздошти вакили дифои маъруф дар пайи изҳори омодагиаш ба ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ дар моҳи сентябри соли 2015 сурат гирифт. Дар оғоз Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ айбдор карда, дар ин ду соли охир чанд моддаи навро ба парвандаи вай илова карданд. Худи Ёров аз ҳамон замон то имрӯз дар ҳабс ба сар мебарад.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми март алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 137, қисми 2, яъне “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ ва ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад” парвандаи нав боз кард. Мақомот то ҳол нагуфтанд, ки дар чӣ маврид ва шароит Ёров ба ин навъи қонуншиканӣ роҳ додааст.
Аммо худи Бузургмеҳр Ёров зимни дидор бо ҳамсараш Зарина Набиева дар боздоштгоҳи муваққатӣ гуфтааст, дар як мурофиаи додгоҳӣ ҳарферо ба забон овард, ки онро ҳамчун таҳқири президент арзёбӣ кардаанд. Баъд аз ин, ба гуфтаи ӯ, додситонӣ нисбаташ парвандаи нави ҷиноӣ боз кард.