Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории сурхакон дар Тоҷикистон. ВИДЕО, САДО


Бинобар хуруҷи бемории сурхакон дар Тоҷикистон маъракаи иловагии эмгузаронӣ эълон шуд. Ин бемории сироятӣ, ки ба қавли мутахассисон моҳи апрели имсол дар миёни кӯдакони ноҳияи Рӯдакӣ сабт гардида буд, ҳоло ба Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар паҳн шудааст.

Бори охир дар Тоҷикистон соли 2009 маъракаи эмгузаронии сартосарӣ бар зидди бемории сурхакон сурат гирифта буд.

Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикии Тоҷикистон шумораи кӯдакони гирифтори сурхаконро 415 нафар ҳисоб кардааст, ки нисфи онҳо дар бемористон табобат мегиранд. Соли гузашта теъдоди гирифторони ин маризӣ ҳамагӣ 52 нафарро ташкил додааст.

Хуруҷи сурхакон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим

Гулсара, сокини шаҳри Душанбе, ки дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт фаъолият мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муассисаи онҳо субҳи 16-уми май ҳамаи кӯдакон эм карда шуданд. “Чун духтурон гуфтанд, бемории сурхакон дар шаҳр хуруҷ кардааст. Ҳамаи волидон розӣ шуданд, ки фарзандонашон эм бигиранд. Аз ҷумла, писари худи ман, ки қаблан эм шуда буд, ин саҳар иловатан эм гирифт. Чунки агар ин беморӣ пешгирӣ нашавад, метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад”, - афзуд ӯ.

Тиқби тақвим бар зидди бемории сурхакон дар Тоҷикистон кӯдакон ҳатман дар 1 ва 6-солагӣ эм карда мешаванд. Аммо бар пояи таҳлили маркази иммунопрофилактикии кишвар, беш аз 90 дар сади кӯдаконе, ки имсол ба ин маризӣ печидаанд, бо сабабҳои мухталиф эми тақвимиро нагирифтаанд.

Хуруҷи бемории сурхакон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Сурхакон – бемории шадиди сироятист, ки ба воситаи ҳаво ва луоби даҳон аз як шахс ба шахси дигар мегузарад ва сабаби ҳарорати баланду доғҳои сурх дар бадан мешавад. Оризаҳои он хатарзо буда, ҳатто метавонад боиси фавти бемор шавад.

Бояд волидон аҳамият бидиҳанд, ки ҳангоми ин беморӣ кӯдакон дар ҳавои гарм гаштугузор накунанд ва беҳтар аст, ки бистарӣ шаванд. Оби сард нанӯшанд, чун дар ин ҳолат метавонад боиси илтиҳоби шуш ва гӯшҳо шавад

Зафар Азизов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъракаи эмгузаронӣ ҳудуди 2 миллион атфоли аз 1 то 9-соларо дар сартосари кишвар фаро хоҳад гирифт. “Ин маърка аз 15-уми май шурӯъ шуда, то 26-уми май идома мекунад. Қабл аз роҳандозии эмгузаронӣ гурӯҳҳои махсуси кормандони тиб омӯзиш диданд. Эмгузаронӣ дар худи муассисаҳои тиббӣ ва баъзе кӯдакистону мактабҳо сурат мегирад”, - гуфт ӯ.

Ба қавли Зафар Азизов, ташхиси сурхакон муайян кард, ки ин навъи вирус дар Русияву Беларус, Чину Муғулистон ва Корея дар гардиш будааст. “То кунун ҳолати фавти беморон аз ин маризӣ сабт нашудааст, вале дар ҳолати саривақт ваксин нагирифтан, он метавонад ориза дошта бошад”, -хулоса кард Зафар Азизов.

Отамурод Кавраков, раҳбари маркази иммунопрофилактикӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, маъмулан ин беморӣ то 10 рӯз идома мекунад. Вай афзуд, “бояд волидон аҳамият бидиҳанд, ки ҳангоми ин беморӣ кӯдакон дар ҳавои гарм гаштугузор накунанд ва беҳтар аст, ки бистарӣ шаванд. Оби сард нанӯшанд, чун дар ин ҳолат метавонад боиси илтиҳоби шуш ва гӯшҳо шавад.”

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо бемории сурхакон аз лиҳози сироятӣ пас аз зуком дар ҷойи дувум меистад. Ҳатто афроди бузургсол, ки дар хурдӣ эм гирифтаанд, бо гузашти беш аз даҳ сол масунияташон заиф мешавад ва эҳтимоли гирифторшавиашон ба ин беморӣ зиёд аст.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, барои эм кардани кӯдакон беш аз ду миллион воя ё ампула ваксинаи зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшон ворид карда шудааст. Бори охир дар Тоҷикистон соли 2009 маъракаи эмгузаронии сартосарӣ бар зидди бемории сурхакон сурат гирифта буд. Ба ҳисоби умумӣ аз ин эмгузаронӣ танҳо се дар сади кӯдакон, аз ҷумла муҳоҷирон, лӯлиҳо ва онҳое, ки шаҳрвандӣ надоранд, канор мондаанд.

XS
SM
MD
LG