Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро волидон аз эмкунии кӯдакони худ метарсанд?


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мардумро аз эмкунии кӯдакон бозмедоранд.

Дар навбати худ волидону толибилмон мегӯянд, даври навбатии эмгузаронӣ алайҳи бемории гулӯзиндонак дар мактабу дармонгоҳҳои Тоҷикистон ба таври иҷборӣ сурат гирифтааст.

Фирӯза, модари 4 фарзанд, мегӯяд, ӯ ба чунин маъракаҳо шубҳа дорад ва агар аз қабл огоҳ мешуд, иҷоза намедод, ки кӯдаконашро эм кунанд. "Ҳоло дар бархе аз мактабҳо ин раванд иҷборӣ аст. Масалан, фарзандони маро бехабар эм карданд. Ман, ростӣ, ба ин маъракаҳо эътимод надорам. Мегӯянд, ваксинаҳо аз кишварҳои дигар бепул оварда мешаванд, кӣ медонад пушти ин чӣ сир ва чӣ ҳадафҳое ҳаст. То рафт бемориҳо дар кишвар зиёд мешаванд, ин ҳама аз куҷо пайдо мешавад?"-суол гузошт Фирӯза.

Аммо Шоҳрӯз, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, мегӯяд, бархе аз ҳамсабақони ӯ, ки дар маъракаи қаблӣ ширкат кардаву эм шуда буданд, ин бор бо вуҷуди иҷборсозии омӯзгорон аз раванди эмкунӣ худдорӣ карданд. Вале худи ӯ зимни муроҷиат барои як маълумотнома ба дармонгоҳ ба қавле ба даст афтодааст: "Справка", ки бароям даркор буд, маҷбур шудам, эм кардам. Чанд рӯз дастам варам ва сахт дард кард. Фикр намекунам, ки ин барои мо муҳим бошад, вале ба ҳар сурат духтурон мегӯянд барои саломатӣ муҳим аст."

Норозигӣ ва саркашии бархе аз волидону ҷавонон аз маъракаҳои эмгузаронӣ ва паҳн шудани шубҳаву сару садоҳо атрофи зарарҳои он масъулини беҳдошти кишварро нигарон кардааст. Мақомот чунин “гурез”-и мардум аз эмкуниро ба дониш ва маърифати ками тиббӣ бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, эм кардан аз бемориҳои сироятӣ як ҳақиқати собитшудаи илмист, вале дар зеҳни мардуми тоҷик то ҳол як фарҳанги нобоварӣ нисбат ба чунин маъракаҳо боқӣ мондааст.

Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари Хадамоти кӯмак ба модару кӯдак дар Вазорати тандурустӣ, зимни нишасте оид ба вазъи кӯдакон аз ин сару садоҳо ва оғоз ёфтани як навъ таблиғот алайҳи эмкунии кӯдакону наврасон изҳори ташвиш карда, гуфт ин метавонад барои ҳифзи саломатии кӯдакон паёмадҳои номатлубе дошта бошад:
“Ҳоло одамоне пайдо шудаанд, ки бар зидди эмкунӣ баромадҳо карда, падару модарон ва сокинони кишварро даъват доранд, то аз ин маърака худдорӣ кунанд. Ин хеле бад аст. Тассавур кунед, агар аз бемории фалаҷ 20 дар сад бифавтад, пас аз бемории гулӯзиндонак 80 дар сад метавонад нобуд шавад.”

Ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ, барои маъракаи эмгузаронӣ 1 миллион доллар ҷудо шудааст ва дар сурати иҷрои комили маъракаҳои эмгузаронӣ алайҳи бемории гулӯзиндонак, мардуми Тоҷикистон метавонад то 10 соли дигар аз ин беморӣ эмин бошад.

Зимнан, Тоҷикистон дар солҳои 1993 то 1999 чандин маротиба шоҳиди хуруҷи бемории дифтерия шуд, ки дар натиҷа бештар аз 10 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва зиёда аз 800 нафар дар пайи ин беморӣ ҷон додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторони ин беморӣ ангуштшумор аст, вале дар кишварҳои наздик ба Тоҷикистон мисли Ҳиндустону Покистон ва Афғонистон зиёд мушоҳида мешаванд ва бино ба ин барои Тоҷикистон ҳам муҳим аст, ки бо роҳандозии чунин маъракаҳо аз хуруҷи бемориҳо ҷилавгирӣ кунад.

Дар мавриди шубҳаҳо нисбат ба маъракаҳои эмгузаронӣ ва ин, ки гӯё ин ваксинаҳо дар Тоҷикистон бо кадом як аҳдофе аз сӯйи кишварҳои хориҷ истифода мешавад, Моҳтоббӣ Назарова, духтури имунолог дар маркази эмгузаронии кишвар, гуфт: "Аввал ҳар як ваксинае, ки ба кишвар ворид мешавад, он чун ҳадя барои Тоҷикистон тақдим намешавад. Мо ҳамаи ин ваксинаҳоро мехарем. Ҳар як ваксинае, ки харида мешавад аз тарафи ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва як бори дигар дар Тоҷикистон санҷида, баъди он истифода мегардад. Инҳоро касе барои таҷрибагузаронӣ ё озмоиш истифода намекунад. Ҳар яки ин ваксинаҳо назорат мешавад."

Рустам Турсунов, коршиноси соҳаи тиб, мегӯяд, як сабабе, ки метавонад боиси беэътимодии мардум нисбати чунин маъракаҳо шавад, мушоҳидаи ҳолатҳои риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯи табибон аст. Яъне, мардум аз тарси он ки бо як сӯзандору чанд нафар ваксина мешаванд, аз чунин маъракаҳо дурӣ меҷӯянд. Ба гуфтаи ӯ барои ба даст овардани боварии мардум бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Ҷаноби Турсунов мегӯяд, дар кишварҳое, ки фаъолияти хадамоти масъул дар самти воридсозӣ ва истифодаи ваксинаҳо хуб ба роҳ монда шудааст, чунин сару садоҳо ва нобовариҳо ба ваксинаҳо вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол, масъулини кишвар мегӯянд, даври севуми маъракаи эмгузаронӣ алайҳи бемории гулӯзиндонак дар кившар то 1 соли дигар идома хоҳад кард ва дар ин раванд бояд афроде, ки бо ягон сабабе то имрӯз аз ин маъарака дур мондаанд, ба куллӣ фаро гирифта шаванд. Гулӯзиндонак бемориест, бештар бо ғадудҳои нафаскашии одам сару кор дорад ва метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ пеши роҳи нафаси одамро баставу ӯро ба марг мувоҷеҳ созад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG