Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри номи 300 донишҷӯи мошинсавор баъди танқиди Раҳмон (САДО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иқдоми ғайримуқаррарӣ номи бештар аз 300 донишҷӯро нашр кардааст, ки ҳангоми ронандагӣ қоидаҳои роҳро риоят накардаанд ва ё барои чунин қонуншиканӣ танбеҳ гирифтаанд.

Феҳрасти дарози тақрибан 50 саҳифаиро ҳамин ҳафта дар вебсайти вазорат нашр кардаанд ва дар он номи 313 донишҷӯ аз саросари Тоҷикистон ва аз донишгоҳу коллеҷҳои кишвар оварда шудааст.

Феҳраст инҷост

Дар он ному насаби комили донишҷӯ, ҷойи таҳсилашро навишта ва гуфтаанд, ки ин донишҷӯён дар 4 моҳи гузашта бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Аз ин феҳраст бармеояд, ки бисёре аз донишҷӯёни тоҷик ҳангоми ҳаракат, мошинро бо суръати баланд рондаанд, камарбанди амниятиро набастаанд, вақти ронандагӣ бо телефон сӯҳбат кардаанд ва ё санадҳои лозимии мошинро надоштаанд.

Номи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҳам дар феҳраст кам нест.
Номи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҳам дар феҳраст кам нест.

Бисёре аз донишҷӯёне, ки ба қавли вазорат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накардаанд, аз Донишгоҳи Миллӣ ҳастанд. Дар феҳраст бахусус номи донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ дида мешавад, ки ба эътирофи худи донишҷӯён ҷойи таҳсили фарзандони сарватмандон ва аз ҷумла мансабдорон аст.

Аз моро нашр карданд, мансабдоронро чӣ?

Яке аз донишҷӯёни ҳамин факултаро, ки мошини гаронбаҳои “Лексус” мерондааст, барои набастани камарбанди амниятӣ нигаҳ доштаанд, ки барои ин қонуншиканӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, сабаби нашри номи донишҷӯёне, ки қоидаҳои ҳаракатро риоят накардаанд, мубориза бо қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун ва пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар байни донишҷӯён аст, ки ҳақ надоранд, ба донишгоҳ бо мошин бираванд.

Нашри номи 300 донишҷӯи мошинсавор баъди танқиди Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим

Яке аз ин донишҷӯёне, ки номаш дар феҳраст ҳаст, рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри номашро хилофи қонун медонад, зеро танбеҳашро гирифтааст ва набояд номашро нашр мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, “вазорат мехоҳад, бо ин кор раҳбарони донишгоҳҳоро маҷбур кунад, ки донишҷӯёнро дуруст назорат кунанд, ки бо мошин наоянд.”

Боз дар назди кормандони милиса зӯрӣ мекунанд, ки агар протокол тартиб диҳанд, рӯзашонро мебинанд.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар ин сурат бояд номи мансабдорон ҳам дар феҳрасти алоҳида нашр шавад, то онҳо ҳам дар назди ҷомеа ҳиҷолат кашанд ва қонуншиканиҳояшонро такрор накунанд.

“Ман худам аз ҳамкурсонам шунидам, ки чӣ гуна мансабдорон қонуншиканӣ мекунанд ва боз дар назди кормандони милиса зӯрӣ мекунанд, ки агар протокол тартиб диҳанд, рӯзашонро мебинанд” – мегӯяд ӯ.

Таҳдиди раиси ҷумҳур барои ихроҷ аз донишгоҳ

Феҳрасти номи донишҷӯёне, ки хилофи муқаррарот бо мошин ба донишгоҳ омадаанд, тақрибан 10 рӯз баъд аз он нашр шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 27-уми апрел гуфт, “дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонун шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда... талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.”

Эмомалӣ Раҳмон мошинсавории фарзандони мансабдоронро мисол овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон мошинсавории фарзандони мансабдоронро мисол овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки “минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои ҳукумат, вакилони порлумон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.”

Соли 2010 пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори донишҷӯён ва аз ҷумла ронандагии онҳо, мақомоти баландпоя омадани донишҷӯён ба донишгоҳ бо мошинро манъ карданд. Истифодаи телефонҳои мобил ҳам дар мактабу донишгоҳҳо мамнӯъ шуд.

Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон, ки борҳо феҳрасти овозхонҳо ва баъзе аз афроди шинохтаро, ки қоидаҳои ҳаракатро риоят накардаанд, дар вебсайташ нашр кард ва сару садои зиёдеро дар матбуот барангехт.

Аммо бори аввал аст, ки феҳрасти номи донишҷӯёнеро нашр мекунад, ки хилофи муқаррарот бо мошин ба донишгоҳ омадаанд.

XS
SM
MD
LG