Мақомоти интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ”-ро аз ҳаракат дар кӯчаҳои марказӣ боз дошта, дар ҷаримагоҳҳо нигаҳ медоранд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” далели ин иқдомро пешгирии тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе гуфт.
Ин хабарро ба забони русӣ ҳам бихонед
Бисёре аз мусофирон бо таъкид ба фаврияти таксиҳои “се сомонӣ”, будани онҳоро лозим медонанд.
Умарҷони Эмомалӣ афзуд, ки “ин таксиҳо бояд барои мусофиркашонӣ иҷозатнома ва патенти хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиётро дошта бошанд. Ҳамзамон ин таксиҳои ба истилоҳ “се сомонӣ” бояд дар ягон ҷамъияти мусофирбар ба қайд гирифта шуда, рақамҳои махсуси зард дошта бошанд”.
Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати умури дохилии кишвар, набуди муқаррароти зикршуда, боиси боздошт шудани воситаҳои нақлиёти таксиҳои “се сомонӣ” шудааст. Ин навъи таксиҳо маъмулан дар кӯчаҳои марказии пойтахт ҳаракат карда, бар ивази 3 сомонӣ ба сокинони Душанбе хизматрасонӣ мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Абдулло, як таксирони ҷавон ба “Радиои Озодӣ” гуфт, ҳарчанд иҷозатномаи мусофиркашонӣ дорад, аммо мошинаш ҳангоми кор дар кӯчаи марказӣ боздошт шудааст. Ӯ ҳангоми баровардани мошини худ аз ҷаримагоҳ ба “Радиои Озодӣ” гуфт, ҳазор сомонӣ ҷарима супоридааст. “Қарз карда, мошинро баровардам. Мошинро набарорӣ, намешавад. Зиндагиямро бо ҳамин мошин мегузаронам”.
Бо ин, ки аз рафтуомади бештари ин навъи таксиҳо дар кӯчаи марказии Душанбе ҷилавгирӣ мешавад, аммо ҳанӯз ҳаракати бархе аз онҳо ба чашм мерасад. Мусофирон бо таъкид ба фаврияти таксиҳои “се сомонӣ” будани онҳоро лозим медонанд.
Амирбек Калонов, донишҷӯи Коллеҷи техникӣ ҳангоме, ки таксиро мунтазир буд, ба дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, баъди кам шудани ин навъи таксиҳо, ба дарс ва имтиҳонҳо дер мекунад. “Дар автобус ҷойи нишаст пайдо намешавад. Ҳозир маҷбур соати 6-и субҳ бихезаму чой нахӯрда, давида раҳ мебароям, ки ягон автобуси холӣ пайдо кунам”,-гуфт ин донишҷӯи тоҷик.
Четан Ваишнав, як донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, дар вақтҳои изтирорӣ таксиҳои “се сомонӣ” хеле хубанд. Ин донишҷӯи ҳиндӣ дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт: “Ман ҳамеша аз онҳо истифода мебарам. Махсусан, агар дар бинои Қарияи боло дарс дошта бошаму дер кунам, савори ин таксиҳо мешавам. Ғайр аз ин, шабонгоҳ дар сурати набудани автобус ва “маршруткаҳо”, ин навъи таксиҳо хеле кӯмак мекунанд.”
Аммо, ба гуфтаи ин донишҷӯи хориҷӣ, "таксиҳои “се сомонӣ” ба далели таксии расмӣ набудан, бехатар нестанд. Махсусан барои духтарон. Чунки онҳо дорои иҷозатнома намебошанд. Ғайр аз ин, онҳо баъзан нархҳои гуногунро ба мисли 5 ё 10 сомонӣ пешниҳод мекунанд."