Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон гуфт, ки сафарашро ба Маскав лағв кардааст


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсон – вазири умури хориҷии Бритониё – сафари худро ба Маскав лағв кардааст. Қарор буд, Ҷонсон рӯзи 10 апрел ба Русия биравад. Вазири умури хориҷии Бритониё дар баёнияи рӯзи 8 апрел гуфт, "таҳаввулот дар Сурия вазъиятро куллан тағйир дод". Вай афзуд, ҳоло давом додани тамос бо Амрико ва дигарон дар нишасти G7 дар рӯзҳои 10-11 апрел дар авлавияти кораш қарор дорад. Борис Ҷонсон гуфтааст, "мо аз ҳимояти Русия аз режими Башор Асад ҳатто пас аз ҳамлаи кимиёвӣ бар ғайринизомиёни бегуноҳ мутаассиф ҳастем". Ҷонсон аз Русия, пуштибони калидии Башор Асад, даъват кард, ки “ҳама чизи мумкинро ба ҳаллу фасли сиёсӣ дар Сурия ва кор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои такрор нашудани ҳодисаҳои такондиҳандаи ҳафтаи ахир истифода бибарад".

Хабарҳои бештарро дар ин маврид бихонед:

XS
SM
MD
LG