Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакии Амрико ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия. ВИДЕО


Вашингтон гуфт, ки дар посух ба ҳамлаи кимиёии ҳукумати Башор Асад зидди сокинони мулкӣ, як пойгоҳи ҳавоии Сурияро мавриди ҳадаф қарор дод. Ин нахустин ҳамлаи мустақими Амрико ба ҳукумати Сурия дар шаш соли ҷанги дохилии ин кишвар ва ҳам як амалкарди азимест дар берун аз марзҳои Амрико, ки аз ҷониби президент Доналд Трамп баъди шурӯи кораш дар ин мақом дар моҳи январи соли 2017 анҷом шудааст. Низомиёни Сурия гуфтанд, ки дар ин ҳамла 6 сарбози онҳо кушта шуда бахши аъзами пойгоҳи ҳавоии “Шайрот” дар ғарби Сурия хароб шудааст. Пентагон гуфт, ки ин макон барои нигаҳдошти аслиҳаи кимиёӣ истифода мешуд.

Муттафиқони аслии ҳукумати Башор Асад дар ин ҷанги шашсола – Эрон ва Русия ба шадидтарин лаҳн ин ҳамларо маҳкум карданд. Ин амали Амрикоро НАТО ва дигар муттафиқони минтақавиаш пуштибонӣ карданд. Дмитрий Песков, сухангӯи президент Владимир Путин гуфт, ки Русия ин амали Амрикоро “ҳамчун ҳамла ба хоки як кишвари мустақил ва ҳам нақзи қонунҳои байналмилалӣ” маҳкум мекунад.

​Тибқи иттилои хабаргузории CNN, ҳамлаи мушакии Амрико аз ду киштии ҷангии ин кишвар дар баҳри Миёназамин анҷом шуда ва дар ин ҳамла 50 мушак ба сӯи ин пойгоҳи низомии нерӯҳои Сурия партоб шудааст.

Ба гузориши SBC, сабаби ҳамла ба ин пойгоҳи ҳавоӣ он будааст, ки Амрико бовар дорад, аз ин пойгоҳ ҳамлаи кимиёвии ду рӯзи пеш ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб анҷом шудааст. Вазорати дифои Амрико мегӯяд. ки рӯзи панҷшанбе чанд тарҳро барои иқдоми низомии эҳтимолӣ дар Сурия, ба раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод карда буд.

То ба ҳол дар мавриди хисорот ва талафони ҷонӣ дар пойгоҳи ҳавоии "Шаъирот" маълумоти дақиқе дар даст нест. Дар ҳоле, ки раиси вилояти Ҳимс ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ба назар мерасад "талафоти инсонии зиёд" вуҷуд надорад, ба гуфтаи телевизиони лубнонии "Ал-Маёдин", дар ин ҳамла чандин нафар кушта шудаанд.

Аксуламали байналмилалӣ ба мушакборони пойгои ҳавоии Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Қабл аз ин, телевизиони давлатии Сурия низ хабар ба ин монандро нашр карда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ хабари расмӣ дар мавриди кушташудагони эҳтимолӣ ва ё теъдоди талафоти инсонии эҳтимолӣ мунташир нашудааст. Амрико мегӯяд, ки дар ин ҳамла, "ҳавопаймоҳо, минтақаҳои захираи маводи сӯзишворӣ, чанд системаи дифои ҳавоӣ ва радар", ҳадаф қарор гирифтаанд.

Сабаби ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Шаъирот он будааст, ки Амрико бовар дорад, аз ин пойгоҳ ҳамлаи кимиёвии ду рӯзи пеш ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб анҷом шудааст.

Доналд Трамп шомгоҳи панҷшанбе гуфт, дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоӣ дар Хон Шайхун дар вилояти Идлиб, фармони ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия, ки ҳамла аз онҷо сурат гирифта буд, содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки пеш аз 50 мушаки "Томагавк" ба пойгоҳи ҳавоии Шаъирот дар вилояти Ҳимс партоб кардааст.

Кохи Сафед паёми видеоии Доналд Трампро аз Флорида мунташир кардааст, ки дар он раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, "се рӯз пеш Башор Асад, диктатори Сурия ҳамлаи кимиёвии ваҳшатноке алайҳи ғайринизомиён анҷом дод". Ҷаноби Трамп таъкид кардааст, ки "Башор Асад мардон, занон ва кӯдакони дармондаро кушт.... марги тадриҷӣ ва бераҳмонаеро барои бисёре рақам зад. Ҳатто навзодони зебо бераҳмона дар ин ҳамлаи густурда ва ваҳшиёна ба қатл расиданд."

Ба гузориши хабаргузории давлатии "Спутник" ба нақл аз Кумитаи дифои Шӯрои Федератсияи Русия, ин кишвар хостори ташкили нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пас аз ҳамлаи мушакӣ ба ин пойгоҳи низомии Сурия мешавад. Кумитаи дифои Думаи Русия мегӯяд, ҳамлаи ахир метавонад робитаҳои Маскав ва Вашингтонро бадтар кунад ва ба бӯҳрони низомӣ дар Ховари Миёна бианҷомад.

Рӯзи 7 апрел Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар изҳороте ИМА-ро дар нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ айбдор кард: “Бе ин ки ҳодисаро таҳқиқ кунад, ИМА ба намоиши қудрат ва муқовимати низомӣ бо кишваре роҳ дод, ки бо терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад. Ин бори аввал нест, ки ИМА чунин амали беандешаро ба намоиш мегузорад.

Ин амал мушкилоти мавҷуда дар ҷаҳонро сангинтар карда ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад. Худи мавҷудияти низомиёни ИМА ва кишварҳои дигар дар Сурия бидуни мувофиқаи ҳукумати ин кишвар ва ё Шӯрои амнияти СММ нақзи дағалона, ошкор ва беасоси ҳуқуқи байналмилалӣ аст”.

Шӯрои миллии Сурия -- эътилофи асосии мухолифони Башор Асад зимни истиқобол аз ҳамлаи мушакии анҷомшуда ба пойгоҳи ҳавоии Сурия, хостори идомаи он то таваққуқи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукумати Башор Асад ва таваққуфи "истифода аз силоҳҳои манъшуда аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ" шудааст.

Хабаргузории "Рейтрез" ба нақл аз як мақоми дифоии Амрико бидуни онки номаш фош шавад, гуфтаааст, ки ҳамлаи мушакӣ ба Сурия барои як бор ва на бештар аз он барномарезӣ ва иҷро шуд. Ба ин маънӣ, ки интизор меравад "як ҳамла" буда ва дар ҳоли ҳозир барномае барои афзоиши он рӯи даст нест.

Дар ҳамлаи кимиёвии пеш аз зӯҳри сешанбеи 4 апрел дар минтақаи Хон Шайхуни вилояти Идлиби Сурия ҳудуди 100 нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд.

Ҳамлаи кимиёвӣ ба як шаҳри Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

XS
SM
MD
LG