Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: зарба ба Сурия - посухи мутаносиб ба ҳамлаи кимиёвии Асад аст


Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон зарбаҳои Амрикоро дар Сурия посухи "мутаносиб" ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи режими президент Башор Асад номид. Муттаҳидони ИМА дар НАТО аз зарбаҳои Амрико ҷонибдорӣ карданд.

Тиллерсон гуфт, бори аввал нест, ки Димишқ аз силоҳи қатли ом истифода мекунад ва сокинони осоишта, аз ҷумла занону кӯдаконро мекушад. Чунин силоҳ аз сӯи артиши ҳукумати Сурия 25 ва 30 март дар вилояти Ҳомс истифода шуд.

Тиллерсон дар идома афзуд, Русия масъулиятеро, ки дар доираи созиши соли 2013 барои ошкор кардани силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ва ҳифзу маҳви он силоҳҳо ба зимма гирифта буд, натавонист ба иҷро расонад. Аз ҳамин хотир, масъулияти истифодаи силоҳи қатли ом бар души Русия низ ҳаст, зеро кафили истифода набурдани силоҳи кимиёвӣ дар Сурия буд.

Сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА Ҷефф Дэвис гуфт, ИМА ба фурудгоҳи Шайрати вилояти Ҳомс зарба зад. Дар маҷмуъ, 59 мушак ҳавопаймоҳо, анборҳои ҳавопаймо, анбори нафт ва дастгоҳҳои техникӣ, анбори аслиҳа ва сипарҳои мушакиро нишон гирифтанд.

"Ин зарба посухи мутаносиб ба амалҳои Асад аст. Фурудгоҳи Шайрат барои нигаҳдории силоҳи кимиёвӣ ва ҳамчун пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Сурия истифода мешуд. Бино бар иттилои хадамоти кашшофии ИМА, ҳавопаймоҳои фурудгоҳи Шайрат рӯзи 4 апрел ҳамлаи кимиёвӣ анҷом доданд. Зарба ба фурудгоҳи мазкур ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳамлаҳои кимиёвӣ аз сӯи режими Асад, зада шудааст",- мегӯяд сухангӯи вазорати дифои ИМА.

XS
SM
MD
LG