Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки пораҳои ҷасад ва ҳам ҳуввияти ҳамлагари эҳтимолиро ошкор кардаанд, вале феълан аз пахши ин иттилоъ худдорӣ мекунанд. Таркише дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел ҷони 14 нафарро гирифтааст. Тафтишот шоми 4 апрел гуфт, ки бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон ҷалилови 22-сола буд.
Аз ин пеш Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистон гуфт, ки муттаҳами аслии бомбгузории маргборе дар метрои шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди Русия буда дар Қирғизистон таваллуд шудааст. Роҳат Сулаймонов, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 4 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Акбарҷон Ҷалилов дар соли 1995 дар минтақаи Ӯши Қирғизистон таваллуд шудааст. Вай гуфт, ки маълумот дар бораи Ҷалилов ба онҳо аз ҷониби Русия дастрас шудааст.
Дар натиҷаи таркиши бомбае ҳангоми ҳаракати қатори метро дар байни ду истгоҳ шоми 3 апрел 14 нафар кушта шуда ҳудудан 40 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар натиҷаи таркиш, ҳадди аққал як вагони метро хароб шуд ва саҳнаҳои баъди таркиш ҷасадҳои дар рӯи платформаи метро хобидаву маҷрӯҳони зиёдро ба намоиш гузошт. Мардуми зиёд ҳамон лаҳзаҳо ба кӯмаки осебдидаҳо шитофтанд.
Ин аввалин таркиши пурқудрат ва пурқурбонӣ дар Русия аст, ки дар давоми се соли охир рух дод. Владимир Путин, президенти Русия дар лаҳзаҳои таркиш дар шаҳри Санкт-Петербург, ки зодгоҳаш маҳсуб меёбад, бо президенти Беларус Аляксандр Лукашенка дидору гуфтугӯ мекард.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳодисаро, ки мақомоти рус онро ҳамчун “таркиши террористӣ” қаламдод карданд, ба дӯш нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол, хадамоти амниятии Қирғизистон ва Қазоқистон гуфтаанд, ки ба ҳамкорони русашон дар амри таҳқиқи ин ҳодиса кӯмак мекунанд.
Кумитаи милии зиддитеррористии Русия гуфт, ки дар ҷустуҷӯи шарикон ва ташкилкунандагони ин амали террористӣ мебошад. Дар шаҳри Санкт-Петербург се рӯзи мотам эълон шудааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия “ба хешовандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунад.” Вай гуфт, ки дар бораи таркиш бо раҳбарони мақомоти амниятӣ сӯҳбат кардааст, онҳо “ҳама корро мекунанд, то ки сабабҳои ҳодисаро маълум намоянд.” Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар баёнияе гуфт, ки таркиш дар байни истгоҳҳои Институти Технологӣ ва Майдони Сенная дар маркази шаҳр ва соати дуву чиҳил дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.
Раҳмон ва дигар раҳбарон таркиши Петербургро маҳкум караднд
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – таркиш дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербургро, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, башиддат маҳкум кард ва онро “ваҳшиёна” номид. Оқои Раҳмон шоми 3 апрел бо ирсоли номаи ҳамдардӣ ба президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Тоҷикистон аз ин хабар амиқан шигифтзада аст ва бори дигар тарафдорияш аз тақвияти мубориза бо терроризм дар ҷаҳонро баён мекунад.
“Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср - терроризм таъкид менамоем. Аз Шумо, Владимир Владимирович, мехоҳем, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони ҳалокшудаҳо бирасонед. Ба захмиён шифои комил орзу дорем”, - таъкид кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Таркиши пурқурбонии Санкт-Петербургро раҳбарони дигари ҷаҳон ҳам шадидан маҳкум карданд. Аз ҷумла, Шӯрои амнияти СММ ин ҳодисаро ҳамчун «як амали ваҳшиёна ва бераҳми террористӣ» маҳкум карда ва гуфт, ки омилони он бояд ҳатман дар пеши қонун ҷавоб диҳанд. Доналд Трамп, президенти ИМА дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин «кӯмаки ҳамаҷонибаи ҳукумати ИМА»-ро пешниҳод кард.
Сухангӯ Дмитрий Песков гуфт, ки «Трамп ва Путин ба ин андеша мувофиқанд, ки терроризм бояд ба таври қотеона ва сареъ мағлуб шавад». Песков гуфт, ки Доналд Трамп ба хонаводаҳои қурбониҳо изҳори тасаллият кард.
Ҷилавгирӣ аз таркиши дигар
Оҷонсии Интерфакс мегӯяд, ки мақомот ҳамлагари эҳтимолиро марди 23-солаи зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муртабит бо ҷангиёни тундрави исломӣ арзёбӣ мекунанд ва бовар доранд, ки бомбаро ӯ дар дохили борхалта ё рюкзаки худ нигоҳ медошт. Хабаргузории Тасс мегӯяд, ки дар ин ҳодиса эҳтимолан як зан ҳам иштирок кардааст.
Баъди тахминан ду соати ин ҳодиса як масъули Кумитаи зиддитеррористӣ гуфт, ки дар як истгоҳи дигари метро як маводи мунфаҷираи наве ошкор шуд ва пеши роҳи таркиши навбатӣ гирифта шуд.
Ба иттилои вазири беҳдошти Русия, ҳолати бархе маҷрӯҳон сангин арзёбӣ мешавад. Бархе мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки бомба тақрибан 1 кг маводи тарканда дошт ва аксари маҷрӯҳон ҳам аз маводи тарканда ҷароҳат бардоштаанд.