Мақомоти ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки Рӯзигул Каримова, зане аз маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳия, ки амалҳои "қайтарма"ва "гарму хунук кадан" дар як навори пинҳонии мақомот сабт шудааст, 2000 сомонӣ ҷарима шудааст.
Сабур Мирзосафаров, мудири бахши оид ба корҳои дини ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ки Рӯзигул Каримова, ки солҳо мардумро фиреб медод, аз ҷониби мақомот боздошт ва тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, аз раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар ин вилоят ба унвони "муллоҳои мардумфиреб" 229 нафар сабт шудааст, ки дар миёни онҳо 86 нафар фолбин ва 81 нафар "дамгар" сабт будаанд.
Мақомот мақсад аз номнависии ин афродро таҳти назорат гирифтани фаъолияти минбаъдаи онҳо медонад, ки аз тариқи фиреб додани мардум соҳиби пулу мол мешаванд.