Иброҳим Аҳмадов, намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфт, қарори афв феълан нисбат ба муҳоҷироне татбиқ мешавад, ки дар дохили Русия ҳастанд. Ӯ гуфт, механизми иҷрои ин қарор барои онҳое, ки берун аз ҳудуди Русия қарор доранд, баъди 24 апрел мушаххас хоҳад шуд.
Мақомоти Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, иҷоза додааст, дар муддати як моҳ санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Ҷузъиёти дигари қарори афви муҳоҷиронро дар Русия дар суолу ҷавоби зер бибинед.