Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп:"Куриёи Шимолӣ бисёр бад рафтор мекунад"


Куриёи шимолӣ имсол чанд мушак озмоиш кард
Куриёи шимолӣ имсол чанд мушак озмоиш кард

Расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ хабар доданд, ки ин кишвар як муҳаррики қудратманди мушакиро озмоиш кардааст ва Ким Йонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, озмоишро “таваллуди нав“ дар саноати мушаксозӣ номидааст.

Эълони озмоиши мушак рӯзи 19-уми март ва рӯзе садо дод, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико дар Чин буд ва бо мақомоти ин кишвар гуфтӯгу мекард. Пеш аз озмоиш, вазири амрикоӣ гуфт, танишҳо дар ин минтақа ба “сатҳи хатарноке” расидаанд.

Танишҳо дар нимҷазира ҳоло бисёр шиддат гирифтаанд ва вазъ ба сатҳи хатарноке расидааст.

Ба навиштаи KCNA хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ, раҳбари кишвар дар маҳалли озмоиши муҳаррики мушак ҳузур дошта ва онро назорат мекард. Ким Йонг Ун гуфтааст, “тамоми дунё ба зудӣ аҳамияти бузурги пирӯзии имрӯзаи моро шоҳид мешавад.”

Ба гуфтаи коршиносон, баёнияҳои Куриёи Шимолӣ аломати он аст, ки кишвар зоҳиран навъи нави муҳаррик барои мушакҳои дурпарвозро озмоиш кардааст.

Рекс Тиллерсон рӯзи 18-уми март дар шаҳри Пекин гуфт, кишвараш бо Чин саъй хоҳанд кард, то дар дар нимҷазираи Куриё муноқиша рух наҳидад.

Дар сафари Рекс Тиллерсон ба кишварҳои шарқи Осиё аз ҷумла Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ масъалаи асосии баррасӣ нигарониҳо аз рафтори Куриёи Шимолӣ ва таҳдиди барномаҳои атомӣ ва мушакии он буд.

Рекс Тиллерсон дар вазорати умури хориҷии Чин дар рӯзи 17-уми март
Рекс Тиллерсон дар вазорати умури хориҷии Чин дар рӯзи 17-уми март

Рекс Тиллерсон баъди мулоқоташ бо Ванг Йи, вазири умури хориҷии Чин дар Пекин рӯзи 18-уми март гуфт, “Мо ҳама ба ин назарам, ки танишҳо дар нимҷазира ҳоло бисёр шиддат гирифтаанд ва вазъ ба сатҳи хатарноке расидааст.”

Чин муттаҳиди асосии Куриёи Шимолӣ аст. Рӯзе пештар вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар сурати афзоиши таҳдид аз тарафи Куриёи Шимолӣ, “истифодаи нерӯ ба зидди он кишвар” сарфи назар намешавад. Айни замон Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Куриёи Шимолӣ бисёр бад рафтор мекунад.”

Куриёи Шимолӣ дар моҳҳои гузашта чанд мушак озмоиш кард ва соли гузашта ду озмоиши атомӣ анҷом дод. Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ бар гузашта аҳднома дар бораи орӣ нигаҳ доштани Нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомӣ имзо кардаанд. Вале Куриёи Шимолӣ бо иддаои хатари таҷовузи низомӣ аз тарафи Амрико аз аҳднома хориҷ шуд.

Амрико барои муқовимат ба ҳар гуна ҳамлаи Куриёи Шимолӣ ба Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар ҳарду кишвар 78 500 сарбоз ҷойгир кардааст ва 50 ҳазор нафари онҳо дар Ҷопон ҳастанд.​

XS
SM
MD
LG