Мақомоти артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, Куриёи Шимолӣ рӯзи 12-уми феврал як мушаки миёнапарвозро озмоиш кардааст ва Вашингтону Сеул ва Ҷопон гуфтанд, ки барои танбеҳ додани он кишвари саркаш тамоми гузинаҳоро баррасӣ мекунанд.
Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Ҷанубӣ гуфт, “Масофаи парвози (мушак) 500 километр буд ва Куриёи Ҷанубӣ бо Амрико иттилооти изофӣ дар мавриди онро таҳқиқ мекунанд”.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, ки як мушаки миёнапарвоз ва ё бо қудрати парвози дарозтарро радёбӣ карданд, аммо ин мушаки байниқоравӣ нест. Ба гуфтаи мақомот, ин мушак хатаре барои Амрико надошт.
"Чолиши мустақим" ба ҳукумати Доналд Трамп
Хабари озмоиши мушак дар ҳоле расид, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар аёлати Флорида мулоқот мекарданд. Доналд Трамп гуфт, Амрико “сад дар сад” бо Ҷопон аст ва Шинзо Абе озмоиши мушакро “комилан ғайриқобили қабул” номид.
Аз ин пештар як мақоми амрикоӣ гуфт, ки ҳукумати Доналд Трамп интизор дорад, ки Куриёи Шимолӣ “фитнае” бармеангезад ва дар ин сурат Амрико “тамоми гузинаҳо” ба шумули таҳримоти молӣ ва тавсиаи сипоҳаш дар минтақаро баррасӣ мекунад.
Ҳванг Киёҳан, раиси ҷумҳури муввақати Куриёи Ҷанубӣ озмоиши мушак дар кишвари ҳамсояро “ошкору рӯшан” зери по кардани қатъномаҳои Шӯрои Амният ва “хатари ҷиддӣ” ба суботи байналмилалӣ номид.
Ҷопон гуфт, аз Шӯрои Амният мехоҳад, то ба амалкарди Куриёи Шимолӣ “посухи ҷиддӣ” бидиҳад. “Озмоиши мушак дар Куриёи Шимолӣ, мухолифи қатъномаҳои феълии Шӯрои Амнияти Созмони Милал аст” – гуфт, вазири умури хориҷии Ҷопон. “Мо талош дорем, ки Шӯрои Амният ба ин амалҳо посухи қотеъе бидиҳад.”- афзуд ӯ .
Баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп бори аввал аст, ки Куриёи Шимолӣ мушак озмоиш мекунад ва ин амалро, чолиши мустақиме ба ҳукумати нави ӯ мешуморанд.
Доналд Трамп рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ бо Шинзо Абе гуфт, Амрикову Ҷопон ҳамроҳ мекӯшанд, ки худро “аз мушакҳои Куриёи Шимолӣ, таҳдиди атомӣ муҳофизат кунанд ва ин ҳарду барои ман бисёр ва бисёр авлавият доранд.”
Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Шимолӣ дар як баёния гуфт, “арзёбии мо ин аст, ки (озмоиши мушак) намоиши қудрат ба мавзеъгирии сахтгиронаи ҳукумати нави Амрико ба зидди Куриёи Шимолӣ аст.”
Баъд аз онки Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар моҳи гузашта гуфт, кишвараш ба озмоиши мушаки байниқоравӣ наздик шудааст, танишҳо дар нимҷазираи Куриё авҷ гирифтанд.
Ҷеймс Маттис, вазири дифои моҳи гузашта зимни сафараш ба Куриёи Ҷанубӣ гуфт, Амрико ба чунин рафтор “посухи сахте” хоҳад дод.
Қадами баъди мушаки байниқоравӣ
Вазорати дифои Куриёи Ҷанубӣ гуфт, мушаки навро аз пойгоҳи ҳавоии Бангён дар вилояти Пхеняни Шимолӣ партоб кардаанд ва он ба самти Баҳри Ҷопон ҳаракат кардааст. Хабаргузории Ёҳнап мегӯяд, эҳтимолан ин мушаки миёнапарвози Мусудан бошад. Куриёи Шимолӣ соли гузашта ду дафъа мушаки Мусуданро дар ҳамин пойгоҳ озмоиш кард.
Марк Ҳертлинг, генерали бознишастаи амрикоӣ ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, озмоиши ахирр, қадае ба пеш барои озмоиши мушаки байниқоравӣ аст. “Ин ҳадафи сиёсатмадорони Куриёи Шимолӣ аст”- гуфт ӯ.
“Ин мушаки миёнапарвоз дар воқеъ хатарнок аст ва онҳо аз ин пештар баъзе аз мушакҳои Мусуданро озмоиш кардаанд. Ва ин на танҳо мояи нигаронии Амрико аст, ки мушак ба сарзаминаш мерасад, балки мояи нигаронии тамоми ҳампаймонҳои Амрико дар Осиё аст." - гуф т Марк Ҳертлинг.