Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ясмина Алидодова: Як рӯз ватанам барои ман ифтихор хоҳад кард. ВИДЕО


Ясмина Алидодова: Як рӯз ватанам барои ман ифтихор хоҳад кард. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Дар шаҳри Дубай як духтари боистеъдоди тоҷик зиндагӣ мекунад, ки аз 5-солагӣ бо овозхонии касбӣ машғул аст. Исми ӯ Ясмина Алидодова аст ва ӯ духтари футболбози маъруфи тоҷик Умед Алидодов аст, ки 13 соли охир ҳамроҳ бо хонаводааш дар шаҳри Дубай зиндагиву кор мекунад. Ясмина бо вуҷуди инки ҳамагӣ 13 сол дорад, аллакай ситораи ҳунари овозхонӣ шудааст. Ӯ барандаи барномаҳои тафреҳии MBC TV ва телевизиони “Дубай 1” аст. Дар озмунҳои бешумори мусиқии Дубай ва Абу Дабӣ иштирок карда, яке аз ситораҳои озмуни солҳои 2015-2016-и “Эйжа сингинг супер стар” буд. Ин озмун ба таври зинда дар телевизионҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигари осиёӣ намоиш дода шуд ва Ясмина тавонист, беҳтарин ҳунари овозхониашро дар он ба намоиш гузорад. Дар Тоҷикистон ҳам соли 2014 Ясмина дар озмуни мусиқии “Ҷило” барои дебюти беҳтарин баранда эълон шуд. Ӯ озодона ба англисӣ, арабӣ, ҳиндиву фаронсавӣ суруд мехонад. Тоҷикистонро дӯст медорад ва ҳар тобистон дар назди азизонаш дар Душанбе меҳмон мешавад. Ясмина имсол меҳмони барномаи наврӯзии Радиои Озодӣ буд ва дар бораи худу ҳунараш ба тамошобинон нақл мекунад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG