Мақомоти тоҷик мегӯянд, Изатулло М, нафаре, ки расонаҳои Русия аз боздошти ӯ бо иттиҳоми нияти анҷом додани амали террористӣ хабар доданд, аллакай ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Хабаргузориҳои Русия рӯзи 15 март аз қавли мақомот хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи “Изатилло М”, ки аз Туркия вориди ин кишвар шуда буд, талоши анҷом додани амали интиҳорӣ дар шаҳри Маскав дар рӯзи 8 март - рӯзи байналмилалии занонро дошт.
Як манбаи радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 15 март гуфт, ин ҷавон охири моҳи феврал ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо дар пурсишҳо ин ҷавон гуфтааст, қасди анҷом додани амали террористиро надошт.
"Ҳоло дар Сурия будан ё набудани ин ҷавон низ дақиқ нашудааст. Аммо ин чиз дақиқ аст, ки ӯ ҳеҷ талоши анҷоми амали терористӣ дар Маскав рӯзи 8 мартро надоштааст", - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ гуфт, мақомоти Русия дар фурудгоҳ ба амалҳои ӯ шубҳа карда, ӯро боздошт ва баъдан дар тамос бо ҷониби Тоҷикистон ӯро ба ватанш истирдод карданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия мегӯянд, зимни боздошт дар фурудгоҳ ва аз тарси ин, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд, Изаттилло гӯё талоши худкушӣ кардааст, вале мақомот аз ин ҷилавгирӣ кардаанд.
Мақомот ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, “Изатилло талош кард, телефонашро бишканад ва қайчиро бо ҳадафи худкушӣ ба даст гирифта буд, вале пулис ӯро боздошт кард”.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон 23 сол дорад ва аз Истанбули Туркия ба Маскав парвоз карда буд. Қаблан ба гуфтаи мақомот, ин ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ширкат доштааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин ҷавон дар боздошт аст ва тамоми ҷузъиёти марбут ба боздошт ва иттиҳоми ӯ санҷида мешавад.