Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози расмии Туркия ба амалкарди мақомоти Ҳолланд


Тазоҳургарони турк дар назди консулгарӣ дар Роттердам парчамҳои Туркияро алвонҷ медоданд.
Тазоҳургарони турк дар назди консулгарӣ дар Роттердам парчамҳои Туркияро алвонҷ медоданд.

Ҳукумати Туркия бо даъвати кордори сафорати Ҳолланд ба вазорати умури хориҷӣ, аз рондани вазири турк аз қаламрави он кишвар эътироз кардааст. Дар вазорат ҳамчунин гуфтаанд, мақомоти Ҳолланд ба зидди тазоҳургарони турк дар Роттердам нерӯи “беш аз ҳад” ба кор бурдаанд.

Пештар аз ин эътирози расмӣ, мақомоти Ҳолланд Фотима Бетул Саян Кая, вазири умури оилаи Туркияро аз қаламрави кишвар хориҷ карданд ва ба ҳавопаймои вазири хориҷиашон иҷоза надоданд, дар Ҳолланд фуруд ояд.

Ҳарду вазир мехостанд, дар гирдиҳамоиҳои тарафдорони Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва ҷалби ҳимояти онҳо барои ширкат дар раъйпурсии моҳи оянда ширкат кунанд. Дар сурати қабули ислоҳот ба Қонуни асосии Туркия салоҳиятҳои раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдӯғон зиёд ва салоҳиятҳои порлумон камтар мешавад.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Туркия Даан Федо Ҳуисингаро, кордори сафорати Ҳолланд дар Анкараро рӯзи 13-уми март ба вазорат даъват карда ва ба ӯ ду ёддошти расмӣ супурдаанд.

Рӯзи 12-уми март, маъмурони пулиси Ҳолланд садҳо тазоҳургарро, ки дар назди консулгарии Туркия дар шаҳри Роттердам ҷамъ омада буданд, бо истифода аз сагу мошинҳои обпош пароканда карданд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, кишвараҳ амалкарди Ҳолландро беҷавоб намемонад ва гуфт, ки “Фашизм ҳанӯз дар Ғарб зинда аст.”

XS
SM
MD
LG