Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу Путинро аз нуфӯзи афзояндаи Эрон дар Сурия ҳушдор дод


Русия - Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар мулоқоти Маскав. 9 марти соли 2017.
Русия - Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар мулоқоти Маскав. 9 марти соли 2017.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро аз нуфӯзи афзояндаи Эрон дар Сурия ҳушдор дод.

Нетаняҳу рӯзи 9 март, дар оғози мулоқоташ дар Маскав аз нақши Русия дар шикасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки ба муқобили ҳукумати Сурия меҷангад, ситоиш кард.

Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки Эрон набояд барои ҳамагуна ҳалли низоъ ҷойи пойи доимӣ пайдо кунад.

Эрон ва Русия дар ин низоъ ҳарду аз нерӯҳои ҳукумати президенти Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунанд. Нетаняҳу гуфт, ки Эрон барои аз байн бурдани давлати яҳудиҳо талош мекунад.

Нахуствазири Исроил ҳамчунин аз таҳдиди гурӯҳҳои тундрави шиа ҳушдор дод. Ин ишора ба "Ҳизбуллоҳ" - гурӯҳи шиамазҳаби лубнонӣ буд, ки Эрон аз он пуштибонӣ мекунад. Ҷангиёни ин гурӯҳ низ дар низои Сурия ворид ҳастанд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро гурӯҳи террористӣ арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG