Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таҳқиқ мешавад


Generic -- Petrol, gasoline (©Shutterstock)
Generic -- Petrol, gasoline (©Shutterstock)

Аз Оҷонсии зидди инҳисороти Тоҷикистон 28 феврал ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар пайи болоравии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахт ҳукумати Тоҷикистон як комиссияи "байниидоравие" ташкил кардааст, ки ҳадафаш муайян кардани сабабҳои чунин амр будааст. Манбаи Радиои Озодӣ нахост ҷузъиёти фаъолияти ин гурӯҳро эълон кунад, аммо афзуд, ки "ин комиссия дирӯз ба фаъолият оғоз кард ва тӯли 10 рӯзи оянда фаъолияти кишварҳои воридкунандаи маводди сӯхтиро баррасӣ мекунад. Ба ин далел мо наметавонем феълан ҷузъиёти дигареро дар ихтиёри расонаҳо қарор диҳем".

Ин дар ҳолест, ки дар пайи тармафароиҳои шадиди як моҳи ахир ва баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ дар минтақаи марказии Тоҷикистон нархи сӯзишорӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. Аз ҷумла, як литр бензини навъи АИ-92 аз 5 сомониву 10 дирам ба 6 сомонӣ баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки дар шимоли Тоҷикистон як литр бензини ин навъ 4 сомониву 70 дирам будааст. Феълан дар Душанбе як литр гази моеъ, ки ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, баробари 3 сомониву 20 дирам аст. Дар шимоли Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ 2 сомониву 10 дирам мебошад. Дар Душанбе низ то замони оғози тармафароиҳо ва баста шудани роҳҳои иртиботӣ бо шимоли кишвар як литр гази моеъ то ба 2 сомониву 30 дирам пойин рафта буд.

Аммо, 5 рӯз қабл роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тарма тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ азсар гирифта шуд. Бо вуҷуди ин, дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон нархи маводди сӯхтӣ ҳамчунон бетағйир мондааст.

XS
SM
MD
LG