Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар Украина


Мақомоти Украина як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро "бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ" дар фурудгоҳи шаҳри Лвов боздошт кардаанд. Хадамоти марзбонии Украина рӯзи 25 феврал гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз Истанбул меомад ва барои гузаштан аз марз шиносномаи як шаҳрванди Қирғизистонро нишон додааст. Аз ӯ ному насаб бурда намешавад.

"Ҳангоми гузаштани марз ӯ шиносномаи як шаҳрванди Қирғизистонро пешниҳод кард. Ҳангоми пурсиш ҳам натавонист, маълумоти шиноснома ва, ҳамин тавр, ҳадафи сафар ба Украинаро дақиқ бигӯяд. Дар натиҷа маълум шуд, ӯ бо худ шиносномаи дигар ҳам дорад, ки бар асоси он ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст", - гуфтаанд масъулони Хадамоти марзбонии Украина.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда, иттилоъ дар бораи ӯ ба ниҳодҳои дахлдор фиристода шудааст. Инчунин, аз пулис хоста шудааст, ки алайҳи бо иттиҳоми сохтакорӣ ва истифодаи санади тақаллубӣ парванда боз кунад. Дар охири моҳи декабри соли гузашта Хадамоти марзбонии Украина аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG