Як табиби 29-сола тасмим гирифтааст дар Суғд бемористони вижаи амалиёти ҷарроҳии рагҳои майнаи сарро таъсис диҳад. Ҳакимҷон Рӯзиев, муассиси Маркази ташхисӣ-табобатии Луқмони Ҳаким дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, тарҳи беморхонаи хусусиро ба ҳукумати вилояти Суғд ва вазорати тандурустӣ ирсол кардааст ва умедвор аст, ки тарҳи ӯро қабул мекунанд.
Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, дар давоми 5-6 соли охир бемориҳои дилу рагҳои хунгард тахминан 39 дарсад зиёд гардидааст ва дар 40 дарсади ин ҳолатҳо бо марги бемор меанҷомад. Ҳакимҷон Рӯзиев рӯзи чоршанбе 15-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз табибони ҷавон тасмим гирифтанд, табобати бемориҳои вайроншавии гардиши хуни майнаи сар ё инсултро бо роҳи ҷарроҳӣ ба роҳ монанд то сарсонии беморони тоҷик дар хориҷа аз байн равад.
Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз дар кишвар ин бемориҳо бо усули консервативӣ ё ин ки терапевтӣ, яъне бидуни ҷарроҳӣ табобат мешаванд ва эҳтимоли табобат ёфтани бемор бо ин усул кам аст. Ӯ мегӯяд, дар ин намуд табобат агар бемор табобат ёфт, хуб аст, аммо агар нашуд, пас ин беморӣ метавонад ҳам умри инсонро кӯтоҳ карда ҳам ӯро ба як шахси маъюб табдил диҳад.
«Се рӯзи аввали бемории инсулт хеле вазнин мегузарад ва агар нишонаҳои онро зуд ошкор ва бартараф накунӣ, бемор то охири умраш метавонад маъюб шавад. Тариқи усули ҷарроҳӣ саломатии бемор дар муддати 1-2 рӯз барқарор шуда, иллатнокиаш намемонад. Инчунин бо татбиқ шудани ин усул маъюбӣ ҳам кам мешавад.” –мегӯяд ӯ.
Беморхонаи хусусии Ҳакиҷон Рӯзиев ба гуфтаи ӯ дар паҳлӯи беморхонаи марказии №1-и шаҳри Хуҷанд дар ҷойе, ки қаблан ҳамчун анбор истифода мешуд, бунёд хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки барои табобати беморон мутахассисон аз хориҷа ҳам даъват шаванд. Ҳакимҷон Рӯзиев мегӯяд, ӯ дар навбати аввал ба мутахассисони тоҷик авлавият медиҳад. Аз ҷумла ӯ мегӯяд, аллакай Фирдавс Содиқов, мутахассиси тоҷик, ки дар Маркази ҷарроҳии шараёнии шаҳри Маскав ба номи Вишневский кор мекунад, омодагии худро изҳор доштааст, ки барои табобати беморон ба Тоҷикистон биёяд.
Мо мардуми бисёр маишатчӣ ҳастем.
“Дар беморхонаи мо ҷарроҳии вайроншавии гардиши хуни майнаи сар ё инсулт бо усули супер селективӣ (тунуккунии хун) ва бо намуди ситентмонӣ сурат мегирад. Ташкили чунин беморхона аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мо мардуми бисёр маишатчӣ ҳастем. Хӯрокамон равғанӣ аст. Аз ин ҳисоб хеле аз шаҳрвандони мо ба хатари гирифторшавӣ ба бемории атеросклероз (танг шудани маҷрои раг, ки ба вайроншавии гардиши хуни майнаи сар меорад), рӯбарӯ ҳастанд. Агар усули ҷарроҳии табобатро ба роҳ монем, пас беморони зиёдро наҷот хоҳем дод”, - афзуд Ҳакимҷон Рӯзиев.
Дархости Ҳакимҷон Рӯзиев ҳоло дар баррасии ҳукумати вилояти Суғд ва вазорати тандурустӣ қарор дорад. Ҳакимҷон мегӯяд, вазорат ваъда додааст, ки дархости ӯро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳакимҷон Рӯзиев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон аст. Ӯ 2 сол ҳамчун асабшинос дар Беморхонаи вилояти Суғд кор кардааст. Соли 2013 Маркази ташхисӣ табобатии Луқмони Ҳакимро таъсис дода, ҳоло ҳамчун роҳбар дар он кор мекунад. Ҳакимҷон Рӯзиев мегӯяд, дар ин марказ асосан табибони ҷавонро гирди ҳам овардааст ва ҳудуди 75 дарсади зердастонаш ҷавонон мебошанд. Бемористони нав қарор аст дар назди ҳамин марказ фаъолият кунад.
Қарор аст, дастгоҳҳо барои усули нави табобати бемории инсулт дар Тоҷикистон аз ширкати “Сименс”-и Олмон оварда шавад ва арзиши онҳо то як миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ҳакимҷон Рӯзиев мегӯяд, барои харидории ин таҷҳизот аз бонк қарз ва аз соҳибкорон кӯмак мегирад.
Зарурати таъсиси чунин як бемористони вижаро ҳамкасбони дигари Рӯзиев ҳам таъкид мекунанд. Абдул Султонов, як табиби тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “чандин бемориҳое ҳаст, ки дар шароити Тоҷикистон бо сабаби набуди мутахассис ва шароит дар хориҷа табобат мегиранд. Агар ин беморхона ба кор шурӯъ кунад, пас ҳодисаҳои фавт аз ҳисоби садамаҳои нақлиётӣ кам мешавад."
Ба гуфтаи вай, вақте як нафарро баъди садама меоранд аксар вақт аз ҳисоби хунравии дохили косахонаи сар мефавтад. Дар сурати боз шудани шифохона, "ҷарроҳии атеросклероз (беморие, ки оқибаташ ба вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар мебарад)-и шараёнҳо осон мешавад. Ҳамчунин табобати бемории аневризм (варами шараён) низ дар ин гуна беморхонаҳо имконпазир аст. Агар ин беморхона шуд, пас ҳамаи инро дар дохили кишвар ҷарроҳӣ мекунем.” - мегӯяд ӯ.
Аз сӯи дигар, мегӯянд мутахассисон, таъсиси марказҳои муолиҷаи чунин бемориҳо боиси таҷрибаи бештар ва рушди тибби миллӣ мешавад ва дар оянда барои омода кардани мутахассисони вижаи бемориҳо дар дохили кишвар кӯмак хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон ҳоло Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» кор мекунанд ва дар маҷмӯъ дар ин шифохонаҳо дар як сол беш аз 1000 амалиёти ҷарроҳӣ дилу рагҳои хунгард, аз ҷумла амалиётҳои мураккаби дил анҷом медиҳанд.