Даҳҳо ҳаводори овозхони маъруф Юлдуз Усмонова дар аввали моҳи марти имсол барои иштирок дар як барномаи ҳунарии ӯ дар Тошканд аз Тоҷикистон ба Узбакистон хоҳанд рафт. Муродҷон Ҳамидов – мудири ширкати сайёҳии “Ҷаҳонгард” – рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун тақрибан чиҳил нафар барои ин сафар омодагии худро изҳор кардаанд. “Ин барномаи ҳунарӣ дар толори “Дурон”-и пойтахти Узбакистон баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Харҷи сафар 1600 сомонӣ, муодили 200 доллар мушаххас шудааст, ки ба қавли Муродҷон Ҳамидов, рафту баргашт ва, инчунин, пули визаву меҳмонхона ва саёҳати Тошкандро дар бар мегирад. Вай гуфт, онҳо қасд доранд, тарафдорону ҳаводорони таронаҳои Юлдуз Усмоноваро ба консерти бузурги ӯ дар моҳи апрел дар толори “Истиқлол”-и Тошканд низ бибаранд.
Усмонова қаблан дар саҳифаи Инстаграмаш гуфта буд, фурӯши билети консерташ, ки “Эй инсони азиз” ном дорад, оғоз шудааст. Ин иттилоъро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар кохи фарҳанги “Истиқлол” ҳам тасдиқ карданд. Нархи як билет то 35 доллари амрикоӣ будааст. Тайи 11 соли охир мақомоти Узбакистон дар даврони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин, ба Юлдуз Усмонова барои баромадан ба саҳна ва баргузории консерти калон иҷозат намедоданд.