Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалнийро шартан барои панҷ сол зиндонӣ карданд


Русия - Алексей Навалний, чеҳраи шинохтаи мухолифин, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ. 31 январи соли 2017
Русия - Алексей Навалний, чеҳраи шинохтаи мухолифин, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ. 31 январи соли 2017

Додгоҳи Русия дар шаҳри Киров сиёсатмадори мухолифи Кремлин Алексей Навалнийро дар заминаи сирқати пулҳои ширкати ҷангали "Кировлес" гунаҳкор эълон карда ва ба ӯ панҷ сол ҳукми зиндони шартӣ дод. Ҳамзамон бо ҳукми шартии зиндон додгоҳ ӯро ним миллион рубл ҷарима кард.

Ҳафтаи гузашта баҳси тарафҳои қазия баргузор шуд ва дар он Алексей Навалний ва шарики ӯ Петр Офитсеров гуфтанд, ки онҳо ҷурме содир накардаанд. Алексей Навалний, ки гуфтааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Русия иштирок мекунад, ҳукми додгоҳро фишори сиёсӣ ва талоши роҳ надодани ӯ ба интихоботи соли 2018 унвон кард.

Навалний аз мунаққидони сарсахти Кремлин аст, ки борҳо схемаҳои фасод дар ҳукумати Владимир Путинро ошкор кардааст.

XS
SM
MD
LG