Додгоҳе дар Амрико иҷрои дастури президент Доналд Трампро дар мавриди манъи сафари мусофирон аз ҳафт кишвари мусалмонӣ аб Иёлоти Муттаҳида муваққатан боздошт. Қарори Додгоҳи Сиэтл, ки шоми 3 феврал содир шуд, то замони бознигарӣ қобили иҷро хоҳад буд.
Ин иқдом як чолиши бузург дар баробари ҳукумати Доналд Трамп аст. Чанд соат баъд аз эълони ин қарор Шон Спайсер, намояндаи Кохи Сафед фармони Трампро "қонунӣ ва муносиб" дониста ва гуфт, ки Вазорати адлияи Амрико барои бознигарии қарори додгоҳ талош хоҳад кард. Вай гуфт, "дастури президент барои ҳимоят аз кишвар равона шудааст ва ӯ бар асоси Қонуни асосӣ ваколату масъулияти ҳимоят аз мардумро дорад."
Аммо додрас Ҷеймс Робарт, ки ба ин мақом аз тарафи Ҷорҷ Буш таъин шуда буд, гуфтааст, ки қарори боздоштани дастури Трамп фавран амалӣ шавад. "Рӯзи хуб барои волоияти ҳуқуқ дар ин кишвар аст", - гуфтааст Ноа Пурселл, додситони аёлати Вашингтон, ки аз додгоҳ хоста буд, ба иҷрои фармони Трамп дахолат кунад. "Имрӯз Қонуни асосӣ пирӯз омад", - изҳор доштааст Боб Фергусон, додситони кулли аёлати Вашингтон. Ӯ гуфтааст, "ҳеҷ кас, ҳатто президент аз қонун боло буда наметавонад."
Президенти нави Амрико рӯзи 27 январ фармонеро имзо кард, ки вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия ва Яман тайи 90 рӯз манъ мекунад. Ҳамчунин бар пояи он, қабули паноҳандагон 120 рӯз ва фирориёни суриягӣ барои муҳлати номаълум мамнӯъст. Департаменти давлатии Амрико гуфт, то кунун аз 60 ҳазор визаро, ки қаблан ба шаҳрвандони Эрону Ироқ, Либия, Сомали, Судон, Сурия ва Яаман дода буданд, бекор кардаанд.