Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфбории шадид дар Рӯшон дари мактабҳоро баст. 8 АКС


Дар пайи боридани барфи зиёд дар мактабҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон таътил эълон шудааст. Додхудо Сайнаков – раиси дастгоҳи ҳукумати Рӯшон – рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмимро “барои амнияти хонандагон” гирифтанд, то дар роҳҳо зери барфу тарма намонанд. Ба қавли ӯ, ба сокинони водии Бартанг низ дастур шудааст, то дар масири Бартанг – Рӯшон ҳаракат накунанд. Ин мақоми ноҳияи Рӯшон гуфт, роҳ аз маркази Рӯшон то Хоруғ боз аст, аммо ба далели барфборӣ ва эҳтимоли фаромадани тарма ҳаракати мошинҳо қатъ шудааст. Рӯзҳои охир дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои кӯҳӣ, барфи зиёд борида, ҳаракат дар роҳҳоро мушкил кардааст. Бар асари фаромадани тарма дар роҳҳои кишвар дар як ҳафтаи ахир ҳашт нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG